Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кардааст, ки аз соли 2027 дар баъзе соҳаҳо шумори коргарони хориҷӣ дар 10 минтақаи кишвар коҳиш дода шавад.
Лоиҳа рӯзи 22-уми сентябр нашр шуда, он то 6-уми октябри соли 2026 мавриди баррасии умумӣ қарор мегирад ва баъд аз анҷоми ин раванд меъёрҳои он метавонанд тағйир дода шаванд.
Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кардааст, ки дар сатҳи федералӣ маҳдудиятҳои амалкунанда барои истифодаи нерӯи кори хориҷӣ дар баъзе бахшҳои савдои чакана, аз ҷумла дорухонаҳо, нуқтаҳои савдои ғайристатсионарӣ ва бозорҳо, инчунин савдо берун аз мағозаҳо ва дӯконҳо боқӣ монанд.
Ҳамчунин пешниҳод шудааст, ки ҳиссаи коргарони хориҷӣ дар мағозаҳои махсуси савдои чаканаи нӯшокиҳои спиртӣ ва маҳсулоти тамоку дар сатҳи сифр нигоҳ дошта шавад.
Лоиҳа инчунин нигоҳ доштани маҳдудиятҳои қаблан ҷоришударо дар соҳаи сохтмон, парвариши сабзавот, савдои яклухти ашёи хоми чӯб, ҷангал ва маҳсулоти чӯбӣ, инчунин дар соҳаҳои ҷангалпарварӣ, дарахтбурӣ, коркарди чӯб ва истеҳсоли маҳсулот аз он, пешниҳод мекунад. Маҳдудиятҳо барои ҷалби коргарони хориҷӣ дар соҳаи хидматрасонӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла дар муассисаҳои хӯроки умумӣ низ боқӣ хоҳанд монд.
Дар баробари ин, лоиҳаи қарор пешниҳод мекунад, ки қоидаҳои минтақавии соли 2026 дар 31 субъекти Русияб арои соли 2027 низ нигоҳ дошта шаванд.
Ба рӯйхати минтақаҳое, ки дар онҳо коҳиш додани ҳиссаи коргарони хориҷӣ нисбат ба соли 2026 пешниҳод шудааст, Мордовия, Тотористон, Чувашия, Краснодар ва вилоятҳои Вологда, Калуга, Новосибирск, Оренбург, Свердловск ва Тула дохил мешаванд, ки дар ҳаштои он маҳдудиятҳо дар баъзе соҳаҳои иқтисодӣ бори аввал ҷорӣ карда мешаванд.
Масалан, дар Тотористон пешниҳод шудааст, ки иштироки коргарони хориҷӣ дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла фаъолияти молиявӣ ва суғуртавӣ, хидматрасониҳои байторӣ ва муҳофизатӣ, таксӣ, ҳамлу нақли борҳои хатарнок, инчунин таъмири компютерҳо ва ашёи истифодаи шахсӣ ва маишӣ ба сифр расонда шавад.
Дар Мордовия бошад, чунин маҳдудият метавонад ба ҳамлу нақли мусофирон дар дохили шаҳр ва атрофи он, таксӣ ва ҳамлу нақли бор тавассути автомобил татбиқ шавад. Дар вилояти Калуга маҳдудиятҳо, аз ҷумла, метавонанд фаъолияти курьерӣ ва баъзе намудҳои иҷора ва лизинги воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизотро фаро гиранд.
Дар миёни минтақаҳое, ки қоидаҳои кор барои шаҳрвандони хориҷӣ дар онҳо сахттар карда мешаванд, вилояти Свердловск низ ҳаст, ки ин масъала барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон, аҳамияти хос дорад.
Тибқи лоиҳа, дар вилояти Свердловск маҳдудиятҳо метавонанд якбора чанд соҳаи иқтисодиро фаро гиранд. Аз ҷумла, барои соҳаи сохтмон пешниҳод шудааст, ки ҳиссаи иҷозатдодашудаи коргарони хориҷӣ 65 дарсад, барои ҳамлу нақли мусофирон дар дохили шаҳр ва атрофи он 20 дарсад муқаррар ва барои соҳаи таксӣ пешниҳод шудааст, ки ин нишондиҳанда 0 дарсад бошад, яъне амалан ҷалби коргарони хориҷӣ ба ин соҳа манъ карда шавад.
Тибқи маълумоти мақомоти маҳаллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Русия, соли 2025 ба вилояти Свердловск тақрибан 211 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид шудаанд. Дар байни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон қисми аз ҳама бузургро ташкил дода, 41,9 дарсади теъдоди умумии муҳоҷирони воридшударо ташкил кардаанд. Ҳиссаи шаҳрвандони Узбекистон 24,7 дарсад ва Қирғизистон 12,2 дарсад будааст.
Тибқи маълумоти дар баҳори соли 2026 нашршуда, то охири соли 2025 дар вилояти Свердловск тақрибан 122,8 ҳазор нафар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекарданд, ки аз ин шумор қариб 70 ҳазораш шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Маҳдуд кардани фаъолияти кории шаҳрвандони хориҷӣ барои вилояти Свердловск чизи нав набуда, моҳи марти соли 2026 мақомоти минтақа ба шаҳрвандони хориҷие, ки бар асоси патент кор мекунанд, машғул шудан ба 20 намуди фаъолияти иқтисодиро манъ карданд.
Аммо ин маҳдудиятҳо ба хориҷиёне, ки иҷозаи кор, иҷозаи иқомат ё иҷозаи иқомати муваққатӣ доранд ва шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё татбиқ намешаванд.
Инчунин, меъёри муқарраршуда на танҳо барои соҳа дар маҷмуъ, балки барои ҳар як корхона низ амал мекунад. Яъне, ҳеч ширкате наметавонад шумори коргарони хориҷиро аз меъёри муайяншуда зиёд кунад. Ҳатто агар баъзе корхонаҳои ҳамон соҳа умуман коргари хориҷӣ надошта бошанд, дигар ширкатҳо ҳақ надоранд ҳиссаи бештари коргарони хориҷиро ҷалб кунанд.
Ба назари коршиносон, Русия сиёсати худро дар самти ҷалби нерӯи кории хориҷӣ тадриҷан сахттар мекунад ва агар пешниҳодҳои нав қабул шаванд, имкони кор кардани муҳоҷирон дар кишвар бештар ба минтақаи будубош ва соҳаи фаъолияти онҳо вобаста хоҳад шуд.
