Ҳамла бо корд дар Лаҳистон: як руҳонӣ кушта ва чаҳор нафар захмӣ шуданд

Дар шаҳри Ярослави вилояти Подкарпатии Лаҳистон як мард бо корд ба одамон дар дохили ибодатгоҳе ҳамла кард. Дар натиҷа як руҳонӣ ҷон бохта, чаҳор нафар захмӣ шудаанд. Гумонбар шаҳрванди 31-солаи Украина буда, пулис ӯро боздошт кардааст.

Ҳодиса субҳи 24-уми сентябр дар кӯчаи Бенедиктинскаи шаҳри Ярослав рух додааст. Тибқи маълумоти пулис, соати тақрибан 9:30 дар бораи ҳамла бо корд ба онҳо хабар расидааст. Ҳангоми расидани кормандони пулис маълум шудааст, ки панҷ нафар — чаҳор мард ва як зан — захмӣ шудаанд.

Яке аз захмиён, ки руҳонӣ будааст, дар беморхона ҷон бохтааст. Вазъи ду нафари дигар ҷиддӣ арзёбӣ мешавад ва онҳо таҳти ҷарроҳӣ қарор доранд.

Гумонбар дар маҳалли ҳодиса боздошт шуда, аз ӯ корд мусодира шудааст. Мақомоти Лаҳистон мегӯянд, ки ӯ як марди 31-сола ва шаҳрванди Украина аст. Ангезаи ҳамла ҳанӯз маълум нест ва пулис бо ҳамроҳии додситонӣ таҳқиқро оғоз кардаанд.

Бино ба гузориши хабаргузории WP, ҳамла аввал дар қаҳвахонаи маркази фарҳанги масеҳӣ оғоз шуда, сипас ҳамлагар ба қисми калисо гузаштааст. Руҳониён талош кардаанд ӯро боздоранд. Кӯдакони муассисаи томактабии воқеъ дар ҳудуди маҷмаа осеб надидаанд.

Дар робита ба ҳодиса дар мақомоти шаҳри Ярослав ситоди буҳронӣ ташкил шудааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки барои таъмини амнияти сокинон нерӯҳои иловагӣ ба шаҳр фиристода мешаванд.

То лаҳзаи нашри хабар мақомоти Лаҳистон дар бораи ангезаи ҳамла маълумоти расмӣ надодаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз таҳдиди ҷанг бо Эрон то буҳрони Ғазза: муҳимтарин суханрониҳои Маҷмаи умумии СММ

Ҷанг дар Ховари Миёна, Украина, Ғазза, ояндаи СММ, тағйири иқлим ва танзими ҳушни маснуӣ аз мавзуъҳои асосии суханрониҳои раҳбарони ҷаҳон дар ду рӯзи ахир дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид буданд.

Лағви парвози Теҳрон–Душанбе дар пайи таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон

Парвози ширкати ҳавопаймоии "Вареш" аз Теҳрон ба Душанбе рӯзи 24-уми сентябр пас аз парвоз лағв шуд ва ҳавопаймо ба фурудгоҳ баргашт.

Аҳолӣ ба иншоот ниёз дорад ё ба ҷои кори доимӣ?

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 23-юми сентябр зимни сафараш ба вилояти Суғд аз бунёди ҳазорҳо иншоот ёдовар шуд.

Литва қабули дархости нави муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказиро боздошт

Давлати Литва қабули дархостҳои нави муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт.