Ду иттифоқе дар ду ҳафтаи гузашта, ки ҳардуро ҳам мешавад бидуни муболиға таҳқир ба миллат ва давлатдории тоҷикон хонд, воқеъ шуданд. Алайҳи яке аз тарафи ҷомеъа мавҷи густардаи эътироз роҳ афтод, аммо дигариро, шояд чун мубтакираш ниҳодҳои қудратии кишвар буданд, ҷомеъа ё надид ва ё нодида гирифт. Мақомот, ҳатто бо вуҷуди сарусадоҳои зиёд, ба ҳарду ҳам чашм пӯшиданд ва камтарин вокунише аз худ нишон надоданд.
Ҳузури Михаил Галустян, масхарабози арманитабори Русия дар Душанбе ва пешвози пурдабдабаи ӯ аз ҷониби намояндагони як ширкати тозатъсиси сохтмонӣ мавҷи эътирозҳо дар шабакаҳои иҷтимоиро барангехт. Солҳост чунин мавҷи эътироз дар шабакаҳои иҷтимоии тоҷикӣ дида нашуда буд, ки гувоҳӣ медиҳад то чӣ ҳад тоҷикон нисбати ин масхарабоз – созандаи образи “Ҷамшут ва Равшан” дар телевизиони русии ТНТ, ҳассосанд. Албатта, буданд онҳое ҳам, ки аз ҳузуи Галустян дар Тоҷикистон истиқбол карданд ва далелашон ҳам ин буд, ки бигзор “фарҳанги тоҷикиро” бубинад ва андешаашро нисбати тоҷикон тағйир диҳад. Аммо мавҷи бисёр густарда ва ғазаболуди мухолифони расидани қудуми ин масхарбоз ба кишвар, садои боэҳтиёту заъифи тарафдоронашро зуд хомӯш кард.
Бештари корбарон омадани Галустян ба Тоҷикистонро барои худ таҳқир ҳисобиданд. Дертар нафаре, ки худашро чунин муаррифӣ мекард: Ман тоҷикам, номи ман Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толибхон Шаҳидӣ ва филолог Гулсифат Шаҳидӣ, директори консертии Михаил Галустян, бо “неандертол ва бесавод” хондани мухолифони ҳузури Галустян, ин мавҷро ба тӯфон ва худашро тибқи таъбири пойгоҳи “Китобхон” ба “Фитрати дувум” (манзур Абдурауфи Фитрат) табдил дод.
То охирин дақоиқе, ки ин навишта ба нашр омода мешуд, бо вуҷуди ин ки мавҷи ғазаб ва эътирози мардум ҳамоно бо шӯри аввалия идома дорад, ҳеҷ вокунише аз ҷониби мақомоти кишвар дида нашудааст. Ҳанӯз эътирозгарон ба ин суолҳояшон посухе дарёфт накардаанд, ки кадом ниҳоде аз ҳукумат ба вуруди масхарабози армантабор ба Тоҷикистон иҷоза дод ва чаро ҳеҷ мақоме ба вудури нафаре, ки ҳудуди даҳ сол тоҷиконро таҳқир мекард, мухолафат накард? Инҷо суоли дигар ҳам пайдо мешавад, ки чаро ҳеҷ мақоми ҳукуматие эҳсоси ҳазорон нафар мардуми бағазабомадаро нодида мегирад ва масъаларо шарҳ намедиҳад? Нагирад, ки дар сатҳи боло ба омадани Галустян мувофиқат шудаву сатҳҳои поёнӣ аз ворид шудан ба масъала ҳарос дошта бошанд?
Замоне ки Галустяни масхаробоз ва барномаи “Наша Раша” тоза ба кор шуруъ мекард, эътирозоти зиёде дар ҷомеъа садо дода буд. Афроди алоҳида ҳам кӯшишҳои зиёде барои гирифтани пеши ин таҳқири миллат талошҳое карда буданд, аммо бинобар дастгирӣ наёфтанашон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, коре аз дасташон наомад.
Ҷузъиёти сафари Галустян бинобар пӯшиш ва баҳси зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳамагон ошност. Аммо таҳқири дигаре, ки иттифоқ афтод аз чашми ҷомеъа пушида монд, ба истиснои як-ду эътироз.
Мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди 43-солаи кишвар Саидҷон Раҷабовро ба Русия супориданд ва додгоҳи ин кишвар ӯро ба 20 соли зиндон маҳкум кард. “Гуноҳ”-и Саидҷон ин буд, ки ӯ 18 сол қабл ба танҳоӣ дар ҳимоя аз ду тоҷики дигар се скинхеди русро “безарар” кард.
Тибқи иттилоъи худи расонаҳои русӣ, ҳудуди даҳ скинхед ҳамон гуна, ки он замон “мӯд” шуда буд, дар қатор “чистка” мегузарониданд ва ду тоҷики бепуштупаноҳро пайдо карда, берун мекашанд ва шуруъ мекунанд ба латукӯб кардан. Саидҷон аз куҷое дар ҷои ҳодиса пайдо шуда, вориди занозанӣ мешавад ва бо корд се нафар аз скинхедонро маҷруҳ месозад. Як нафари онҳо – Максим Данилин дар ҷои ҳодиса ва ду нафари дигар – Сергей Чупров ва Дмитрий Самойлов баъди интиқол ба беморхона ҷон медиҳанд. Шумори скинхедҳо дар хабарҳои он замон беш аз даҳ нафар гуфта мешуд, аммо дар хабарҳои рӯзҳои ахир расонаҳои русӣ аз кушта шудани се нафар ҳрф мезананд, аммо дар ҳеҷ куҷо шумори дақиқ зикр намешавад. Зоҳиран мехоҳанд фарзияи “ҳимоят аз худ” матраҳ нашавад.
Ба Саидҷон муяссар мешавад то омадани пулис макони ҳодисаро тарк ва аз Русия фирор кунад. Мақомоти Русия ӯро дар пайгарди Интерпол қарор медиҳанд. Баъди 18 сол ӯро мақомоти ватани худаш – Тоҷикистон боздошт карда, бо ду дасти адаб ба Русия месупоранд.
Ҳеҷ кишваре, ки ба худаш эҳтиром қоил аст, шаҳрвандашро ба кишвари дигар намесупорад. Дар дипломатияи байналмиллалӣ ин кор таҳқири кишвари худ ва даст кашидан аз ҳимояи шаҳрванди худ маҳсуб мешавад. Тибқи қоидаҳои дипломатӣ, агар шаҳрванди як кишвар дар кишвари дигар ҷиноят кардааст, кишвари аввал аз кишвари дувум маводҳои парвандаро талаб карда, онро худаш баррасӣ ва ҷазо муайян мекунад.
Дар қазияи Саидҷон Раҷабов мақомоти зидахли кишвар на танҳо ин қоидаи дипломатии ҳифзи шарафу номуси кишварро нодида гирифтаанд, балки нафареро ба кишвари дигар супоридаанд, ки дар асл бояд қаҳрамон эътироф ва дар ҷомеъа муаррифӣ мешуд. Ҳар сол даҳҳо тоҷик аз дасти скинхедҳои рус кушта мешаванд. То ҳол аслан ин иттифоқ наафтода, ки мақомоти Тоҷикистон парвандаи қотилонро пайгирӣ ва талаби ҷазои сазовор карда бошанд, чӣ расад ҳатто ба фикр кардан дар бораи супоридани скинхеде ба Тоҷикистон. Мақомоти Тоҷикистон ҳатто ҷуръат накарданд афсари русеро, ки дар ҳудуди кишвар бонуи тоҷикро кушт, дастгир кунанд.
Аз тарафи дигар, худи мақомоти Русия эътироф мекунанд, ки Саидҷон Раҷабов тани танҳо бо ҳади ақал чаҳор нафар вориди занозанӣ шудааст. Дар ин сурат имкони кушта шуданаш аз дасти онҳо бисёр зиёд аст ва истифодааш аз корд ҳимоя аз худаш маҳсуб мешавад. Яъне, агар парванда холисона баррасӣ мешуд (ки дар додгоҳи Русия бисёр баъид аст), имкон дошт Саидҷон бегуноҳ барояд.
Моддаи 16-уми Сарқонуни Тоҷикистон сароҳатан додани шаҳрванди кишвар ба мақомоти кишвари хориҷаро манъ кардааст: “Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷи супурдан мумкин нест” – омадааст дар ин модда.
Қисми 1-и моддаи 5-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам сароҳатан мегӯяд: “Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлати хориҷӣ супоридан манъ аст.”
Мақомоте, ки Саидҷон Раҷабовро ба Русия супоридаанд, на танҳо қоидаи дипломатии ҳимоят аз шарафи кишвар, балки Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро поймол кардаанд.
Аз тарафи дигар, ин кор куштани ҷуръати ҳар тоҷикест, ки дар оянда бихоҳад аз ҳамватани худаш ҳимоят кунад. Вақте ӯ хост дар ҳимоя аз ҳамватанаш алайҳи скинхеде қарор гирад, қабл аз ҳама ин андеша ба зеҳнаш хоҳад омад, ки пасаш касе нест. На миллат ва на давлаташ. Ӯ ба ин хоҳад андешид, ки давлаташ на танҳо ӯро ҳимоя нахоҳад кард, балки бо ду дасти адаб ба кишвари бегона хоҳад супурд.
Дар ин қазия мақомоти Тоҷикистон бояд комилан баръакс рафтор мекарданд. Аз Саидҷон Раҷабов, ки бо гумони ғолиб ҳаракоташ ҳимоя аз худашу ҳамватанонаш будааст, бояд қаҳрамони миллӣ сохта мешуд. Ин кор дар кулли чаҳон иттифоқ меафтад ва вақте ба қаҳрамони миллӣ ниёз пайдо мешавад ё иттифоқе меафтад, ки аз он мешавад қаҳрамоне берун кашид, аз бархе расмиёт чашм пӯшида мешавад.
Қаҳрмамони миллӣ сохтан аз Раҷабов ва амсоли ӯ, ки дар ин 35 сол даҳҳо маротиба ҷонашонро барои ҳимоят аз шарафи худу ҳамватаноншон ба хатар андохтаанд, на танҳо ба муҳоҷирон ҷуръати ҳимоят аз худро медод, балки ба ҳукумат ва ҷомеъаи Русия ҳам ин паём дода мешуд, ки муҳоҷир метавонад аз худаш ҳимоят кунад ва бесарпаноҳ нест.
Ҳафтаи гузашта дар бораи имкони зиёди расидани зинаи дуввуми истиқлоли муфт ба Тоҷикистон гуфта будем. Ва суоли матраҳ онҷо ин буд, ки оё кишвар, бо фарқ аз шонси аввал, аз шонси дувумаш истифода хоҳад кард ё муфт будани истиқлол ин дафъа ҳам сабаб мешавад қадри он шинохта нашавад?
Ин ду иттифоқе дар ин чанд рӯз афтод, посух ба ин суолро рӯшан кард…
Абдуманнон Шералиев
