Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо кордори муваққати Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Карсон Релитс Рокер масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, мулоқот рӯзи 8-уми октябр дар Душанбе баргузор шуда, ҷонибҳо ҳамчунин вазъи кунунии ҳамкориҳои Тоҷикистону ИМА дар бахшҳои энергетика ва захираҳои об, инчунин имкониятҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо барои идомаи муколама ва тавсеаи ҳамкориҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
Бо вуҷуди ин, дар иттилои расмии вазорат ҷузъиёти мушаххас дар бораи роҳҳои таъмини бозори Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ, манбаи эҳтимолии воридот ё ҳаҷми интиқоли сӯзишворӣ зикр нашудааст.
Бояд зикр кард, ки қисми асосии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон солҳои охир аз Русия таъмин мешавад. Вале ба сабаби ҷанги Русия алайҳи Украина ва инчунин ҳамлаҳои Украина ба зерсохторҳои нафтиву анборҳои сӯзишворӣ ва корхонаҳои коркарди нафт, дар худи Русия ҳам истеҳсол ва таъминоти маҳсулоти нафтӣ коҳиш ёфтааст.
Инчунин танишҳои низомӣ дар Ховари Миёна, аз ҷумла ҳамлаҳои Амрико ба Эрон болоравии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ боло рафта, ба вазъи таъминоти сӯзишворӣ дар кишварҳои воридкунанда таъсир гузоштааст.
Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари воридкунандаи маҳсулоти нафтӣ аз ин тағйирот таъсирпазир буда, барои коҳиши вобастагӣ аз як манбаъ ва пайдо кардани роҳҳои алтернативии таъмини бозори дохилӣ талош дорад.
