Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.
Ба гузориши “Ал-Арабия”, Трамп зимни суханронӣ дар иёлати Аризона гуфта, ки масъалаи Эрон ба зудӣ ҳаллу фасл мешавад ва ҷанг “хеле зуд” ба охир мерасад.
Ӯ изҳори боварӣ карда, ки бо поёни даргириҳо нархи нафт ва сӯзишворӣ ба сатҳи қаблӣ бармегардад ва бахусус бензин ҳатто аз замони пеш аз оғози ҷанг ҳам арзонтар хоҳад шуд.
Трамп гуфт, “кори Эрон ба зудӣ тамом мешавад” ва иддао кард, ки ин кишвар дигар раҳбар, нерӯи ҳавоӣ ё нерӯи дарёӣ надорад. Ӯ бо ин суханон ба хисороти сангине ишора кард, ки ба гуфтааш, Теҳрон дар ҷараёни ҷанг дидааст.
Раисҷумҳури Амрико дар шарҳи сабабҳои оғози ҷанг гуфт, Вашингтон маҷбур буд итминон ҳосил кунад, ки Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст намеёбад. Ӯ Эронро “таҳдиди ҷиддӣ” номид ва иддао кард, ки Теҳрон солҳо “бузургтарин ҳомии терроризм дар ҷаҳон” будааст.
Трамп ҳамчунин бе пешниҳоди далел иддао кард, ки Эрон дар сурати ба даст овардани силоҳи ҳастаӣ, дар давоми 24 соат аз он истифода мекард. Ӯ хароҷоти пешгирӣ аз дастёбии Теҳрон ба чунин силоҳро дар муқоиса бо хатарҳои эҳтимолии он “баҳои бисёр ночиз” хонд.
Ба гуфтаи Трамп, истеъмолкунандагони амрикоӣ пас аз қатъи амалиёти низомӣ шоҳиди коҳиши нархи бензин хоҳанд шуд. Бо вуҷуди ин, ӯ на санаи анҷоми амалиётро мушаххас карда ва на дар бораи шеваи расидан ба созиш бо Эрон ҷузъиёт додааст.
Ӯ таъкид карда, ки пешгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ ҳамчунон яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Амрико дар баробари Теҳрон боқӣ мемонад.
Ин изҳорот дар ҳолест, ки Трамп чанде пеш эҳтимоли азсаргирии ҳамлаҳо ба Эронро матраҳ карда, баъдан гуфт, то интихоботи миёндавраии 3-юми ноябр ҳамла нахоҳад кард. Аммо Apnews ва Reuters бо истинод ба CNN хабар доданд, ки низомиёни Амрико истифодаи бомби ғайриҳастаии “Модари ҳамаи бомбҳо”-ро дар ҳамлаҳои эҳтимолӣ баррасӣ мекунанд.
Ба назари коршиносон, дар остонаи интихобот ва дар шароити норозигӣ аз гаронии сӯзишворӣ, ваъдаҳои поёни ҷанг ва арзоншавии бензин метавонанд барои ором кардани нигаронии интихобкунандагон низ равона шуда бошанд.
