Тифли дуздидашударо баъди панҷ рӯз пайдо карданд

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, навзоде, ки шаби 11-уми октябр аз як таваллудхона дар Душанбе ғайб зада буд, “сиҳату саломат” пайдо шудааст. Дар бораи шароити пайдо шудани кӯдак ва эҳтимоли боздошти гумонбарон то ҳол маълумоти расмӣ нашр нашудааст.

Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми октябр хабар дода, ки кормандони ин ниҳод дар натиҷаи “маҷмуи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ” кӯдакро пайдо кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, ҷузъиёти ҳодиса, ки боиси “паҳн шудани ҳар гуна гумону тахминҳо ва нигаронии аҳли ҷомеа” шудааст, ба зудӣ ба таври муфассал шарҳ дода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол “Asia-Plus” бо нашри акси ин навзод хабар дода, ки 16-уми октябр, модар ва тифлро аз зоишгоҳи №1-и шаҳри Душанбе ба хона рухсат шуда, вазъи саломатии ӯ хуб буда, ҳоло ҳамроҳи падару модараш дар хона қарор дорад”.

Ёдовар мешавем, ки Мавзуна Акрамова, сокини 19-солаи ноҳияи Нуробод, рӯзи 11-уми октябр фарзанди нахустини худро солим ба дунё оварда, аммо чанд соат баъд, тақрибан соати 01:00-и шаб, маълум шудааст, ки навзод дар шуъбаи таваллудхона нест.

Наздикони оила навореро ба расонаҳо фиристода буданд, ки дар он зани ниқобпӯше дар либоси сабзи монанд ба либоси кормандони тозакунандаи таваллудхона дида мешуд, ки кӯдаки навзодро дар даст дошта, аз назди таваллудхона бошитоб дур мешавад.

Хешовандони кӯдак фаъолияти кормандони муассисаи тиббиро мавриди интиқод қарор дода, гуфта буданд, ки чунин ҳодиса натиҷаи беэҳтиётӣ ва сустии назорат будааст.

Ҳоло маълум нест, ки кӯдак кай ва дар куҷо пайдо шудааст, ӯ чӣ гуна аз таваллудхона берун бурда шудааст ва дар ин робита касе боздошт ё гумонбар шудааст ё на. Наздикони хонавода низ ҳоло барои шарҳи вазъ дастрас нестанд. Радиои Озодӣ мегӯяд, ки ба хонаводаи навзод дастур дода шуда буд, ки бо расонаҳо тамос нагиранд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Мулоқот бо СБП: кадом хавфҳои иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ шуданд?

Ҳайати Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр дар Тайланд бо роҳбарияти СБП масъалаҳои сиёсати пулию қарзӣ, рушди низоми бонкӣ ва таҳкими суботи иқтисодиро баррасӣ кард.

Аз тиб то сартарошхона: муҳоҷирон дар Санкт-Петербург аз кор дар чанд соҳа маҳрум шуданд

Дар шаҳри Санкт-Петербург барои муҳоҷироне, ки бо патент фаъолият мекунанд, маҳдудиятҳои нави корӣ ҷорӣ шуд.

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.