“Эронитарин шаҳри Эрон”: навишта дар бораи Самарқанд боиси эътирози расмии Узбекистон шуд

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи ҷумъа сафири Эрон дар Тошканд Муҳаммадалӣ Искандариро даъват карда, нотаи эътирозӣ супурд.

Тибқи баёнияи вазорат, эътироз ба матлабҳое рабт дорад, ки бархе намояндагиҳои дипломатии Эрон дар шабакаи иҷтимоии X (собиқ Twitter) нашр кардаанд. Дар ин навиштаҳо майдони Регистон ва меъмории таърихии Самарқанд ҳамчун бахше аз мероси “тамаддуни эронӣ-исломӣ” тавсиф шудааст. Тошканд мегӯяд, ки бархе аз ин навиштаҳо мероси таърихӣ ва фарҳангии Самарқандро “ба таври якҷониба ва бо ҳадафҳои сиёсӣ” шарҳ додаанд.

Баҳс пас аз сафари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио ба Самарқанд оғоз шуд. Рубио аз майдони Регистон боздид кард ва дар нишасти вазирони корҳои хориҷии формати C5+1 иштирок намуд. Пас аз ин сафар, чанде аз намояндагони дипломатии Эрон матлабҳое нашр карданд, ки дар онҳо Самарқанд ба тамаддуни форсӣ ё эронӣ нисбат дода мешуд. Яке аз баҳсбарангезтарин навиштаҳо аз ҷониби сафорати Эрон дар Маскав нашр шуд, ки дар он Самарқанд “эронитарин шаҳри Эрон” номида шудааст. Сафоратҳои Эрон дар Арманистон ва Зимбабве низ аксҳои сафари Рубиоро нашр карда, дар баъзе навиштаҳо ба пайванди таърихии шаҳр бо тамаддуни форсӣ ишора кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон таъкид кардааст, ки мероси таърихии Самарқанд, Бухоро, Хева ва дигар шаҳрҳои кишвар дар тӯли садсолаҳо шакл гирифта, инъикосгари таърих, давлатдорӣ ва фарҳанги мардуми Узбекистон аст ва ин мавзуъ набояд ба ҳадафҳои сиёсӣ истифода шавад. Тошканд аз Эрон хостааст, ки матлабҳои мавриди эътирозро ҳазф кунад ва барои пешгирии такрори чунин ҳолатҳо чора бингарад.

Дар баёния инчунин омадааст, ки Тошканд ба рушди муносибатҳои дӯстона бо Эрон аҳамияти зиёд медиҳад, вале аз ҳифзи мероси таърихӣ ва фарҳангии худ қотеона дифоъ хоҳад кард.

То замони нашри ин хабар, Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба эътирози Узбекистон расман вокуниш нишон надодааст.

Ҳоло маълум нест, ки Теҳрон ба нотаи Тошканд чӣ посух медиҳад ва оё сафоратҳои Эрон навиштаҳои мазкурро ҳазф мекунанд ё на.

Самарқанд дар таърих ва имрӯз

Самарқанд яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ аст ва дар тӯли таърих маркази тамаддунҳо ва давлатҳои гуногун будааст. Аз ин рӯ, мансубияти мероси таърихӣ ва фарҳангии он дар солҳои охир гоҳ-гоҳ баҳсҳои сиёсӣ ва фарҳангиро ба миён овардааст.

Таърихан Самарқанд ва Бухоро садсолаҳо аз марказҳои асосии ҷаҳони форсизабон буданд. Дар асрҳои IX–X, дар замони давлати Сомониён, Самарқанд аввал яке аз марказҳои ҳокимият буд, баъд аз соли 892 амир Исмоили Сомонӣ Бухороро пойтахти давлат қарор дод. Дар он давра забони дарбор, адабиёт ва илм форсии дарӣ буд. Шоирон ва донишмандоне чун Рӯдакӣ, Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ ва Фирдавсӣ дар муҳити фарҳангии Сомониён ва Хуросони бузург ба камол расиданд. Тоҷикистон давлати Сомониёнро асоси давлатдории таърихии худ медонад, ва барои тоҷикон Самарқанду Бухоро марказҳои таърихии тамаддуни тоҷик ва забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) ба шумор мераванд. Эрон низ ин шаҳрҳоро қисми мероси тамаддуни форсӣ ва ҷаҳони фарҳангии эронӣ медонад.

Аз ин рӯ, дар адабиёти илмӣ бештар ибораҳои “ҷаҳони форсизабон”, “тамаддуни эронӣ” ё “Эрони фарҳангӣ” (Greater Iranian cultural sphere) истифода мешаванд.

Вале, имрӯз аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ Самарқанд ва Бухоро шаҳрҳои Ҷумҳурии Узбекистон мебошанд. Аммо таърихнигорони тоҷик бар ин назаранд, ки дар ин шаҳрҳои бузурги таърихӣ ба форсизабонон тааллуқ дошт, вале расман соли 1924 дар пайи тақсимоти миллию марзии Осиёи Марказӣ ба ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сатсиалистии Узбекистон дохил карда шуданд.

Ин тақсимот таҳти роҳбарӣ ва назорати мустақими Иосиф Сталин (роҳбари вақти Иттиҳоди Шӯравӣ) сурат гирифтааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Аз Бразил то Сербистон: вақте овози мардум ҳокимиятро дигаргун мекунад

Дар охири ҳафтаи сипаригашта интихобкунандагони ду кишвар нишон доданд, ки сандуқи раъй ҳанӯз метавонад сарнавишт ва ояндаи сиёсии кишварро тағйир диҳад.

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.