Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазорату кумитаҳо ва дигар ниҳодҳои давлатии кишвар тағйироту ҷойивазкунии мақомдоронро гузаронд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Президент, имрӯз, 26-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон бо як фармонаш Сафарзода Анварро ёвари Президент оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва ҳамзамон намояндаи ваколатдори Президент дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ таъйин шудааст. То ин дам дар ин мақом Зариф Ализода кор мекард.
Ҳамчунин бо қарорҳои ҳукумат Ҳакимиён Сарвина муовини вазири адлия, Қудратзод Суҳроб ва Исмоилзода Мирзо муовинони вазири рушди иқтисод ва савдо, Асадуллозода Абубакр муовини вазири молия ва Латифзода Парвиз муовини вазири маориф ва илм таъйин шудаанд.
Аз ҷумла, бо қарорҳои дигар Исмоилзода Умед муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, Зиёвуддинзода Аҳлиддин муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Назарзода Рустам муовини раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ таъйин гардиданд.
Дар идомаи ин тағйирот Муродзода Давлатмурод муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Ризозода Саймудин муовини якуми директори генералии КВД “Тоҷиксуғурта” ва Юсуфзода Абдулмаҷид муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъйин шудаанд.
Бо амрҳои Президент инчунин Маъруфӣ Расул муовини раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Одиназода Муҳаммад муовини директори Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Сайдаҳмадзода Мусо директори Фонди кафолати қарзҳо таъйин гардидаанд.
Дар бахши дигари қарорҳо Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳои худро ба Маҷлиси намояндагон барои тағйир додани ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кардааст.
Аз ҷумла, пешниҳод шудааст, ки Худоёрзода Бахтиёр Тавар аз вазифаи раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва Қодирзода Абдуҷаббор Сафаралӣ аз вазифаи муовини раиси ин комиссия бозхонд шаванд. Ҳамчунин як гурӯҳ аъзои комиссия бинобар ба охир расидани муҳлати ваколаташон аз ҳайати он хориҷ карда мешаванд.
Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки ҳамакнун ёрдамчии собиқаш Зариф Ализода раиси нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, ки раиси Кумитаи дастгоҳи иҷроияи ҲХДТ буд, муовини раиси он ва Назарализода Дилафруз Муҳаммадалӣ, Маъмурзода Адҳам Маъмур, Раҷабзода Зайнура Абунаср, Самадзода Навруз Абдулҳамид ва Хидирзода Махфират Умар аъзои ин комиссия интихоб шаванд.
Тағйирот дар ҳайати Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки соли оянда дар Тоҷикистон интихоботи президентӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳанӯз маълум нест, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1994 ба ин сӯ раисҷумҳури кишвар аст, дар интихоботи навбатӣ боз номзад хоҳад шуд ё ин мақом ба писараш Рустами Эмомалӣ вогузор мешавад.
Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мансабдорони таъйиншуда аз онҳо мансабдорони таъйиншуда хоста, ки ба Ватан ва мардум “содиқонаю софдилона” хизмат карда, ба тарбияи кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон ва муносибати “шоиста” бо шаҳрвандон таваҷҷуҳ намоянд.
Бояд гуфт, тибқи маъмул, дар Тоҷикистон ҳамасола тағйироти кадрӣ сурат мегирад, аммо аксари коршиносон ин тағйиротро шаклӣ ва ҷойивазкунӣ медонанд. Зеро ба гуфтаи онҳо, одатан Эмомалӣ Раҳмон дар тақсимоти мансабҳо ихтисос ва донишу маҳоратро меъёр қарор намедиҳад, балки меъёр дар интихоби кадрҳо бештар шинос будану наздик будан ба хонаводаи ӯ аст. Аксар мақомдорон аз як вазифа барканор шуда, бидуни дар назар гирифтани дастовардҳои шахсӣ ва донишу маҳорат ба вазифаи дигар таъйин мегарданд ва ё кадрҳои нав мақомҳоро бо пули калоне мехаранд.
