Тоҷикистон барои воридоти 100 ҳазор тонна дизели иловагӣ бо Русия мувофиқа кард

Тоҷикистон бо Русия барои афзоиши квотаи воридоти бебоҷи сӯзишвории дизелӣ дар соли 2026 ба мувофиқа расидааст. Акнун ҳаҷми ин квота аз 450 ҳазор ба 550 ҳазор тонна мерасад.

Хабаргузории Reuters рӯзи 5-уми ноябр бо истинод ба се манбаи соҳа хабар дод, ки музокирот ба сабаби ба поён расидани квотаи қаблӣ дар моҳи ноябр сурат гирифтааст. Вазоратҳои энергетикаи Русия ва Тоҷикистон то замони нашри гузориш ба дархости хабаргузорӣ посух надодаанд.

Бо ин тағйирот, ҳаҷми умумии квотаи маҳсулоти нафтии бебоҷ аз Русия барои Тоҷикистон ба 1 миллиону 210 ҳазор тонна мерасад. Аз ин миқдор 550 ҳазор тонна дизел, 420 ҳазор тонна бензин ва боқимонда сӯзишвории ҳавопаймо, мазут, битум, гази моеъ ва кокси нафтӣ мебошад.

Тоҷикистон узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё нест ва ҳаҷми воридоти бебоҷи сӯзишвориро ҳар сол бо Маскав мувофиқа мекунад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли дизели Русия ба Тоҷикистон аз 370 ҳазор тонна гузаштааст.

Тоҷикистон барои таъмини бозори сӯзишворӣ асосан ба воридот аз Русия такя мекунад. Ба навиштаи “Азия-Плюс“, соли 2025 беш аз 70 дарсади маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъи воридотии кишвар аз Русия ворид шудааст. Вазорати энергетикаи Тоҷикистон мегӯяд, ҳаҷми ин воридот беш аз 1,2 миллион тонна мебошад, ки нисбат ба соли пеш 17,5 дарсад бештар аст. Ҳамчунин гуфта мешавад, соли ҷорӣ дар дохили Тоҷикистон ҳамагӣ тақрибан 2,1 ҳазор тонна бензин ва 3,1 ҳазор тонна дизел истеҳсол шудааст.

Расонаҳои кишвар гузориш медиҳанд, ки аввали июли соли равон дар баъзе нуқтаҳои фурӯши Душанбе дизел тамом шуда, дар чандеи дигар фурӯш то 20 литр барои ҳар мошин маҳдуд гардида буд. Охири июл нархи як литр дар баъзе нуқтаҳо ба 17–18 сомонӣ расида буд.

Таъминоти дизел аз Русия дар соли 2026 моҳ ба моҳ тағйир ёфтааст. Пас аз коҳиш дар моҳи июл, ҳаҷми он дар август 3,5 баробар афзуда, ба 56 ҳазор тонна расид, вале дар сентябр боз тақрибан сеяк кам шуд. Ин тағйирот дар шароите сурат мегирад, ки камбуди сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон зиёд эҳсос мешавад. Мақомот барои таъмини талаботи кишвар ба Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Беларус низ барои хариди нафту маҳсулоти нафтӣ муроҷиат карданд.

Моҳи июли соли 2026 воридоти сӯзишворӣ аз Қазоқистон, Узбекистон ва Туркманистон тақрибан се баробар афзуда, ба 34 ҳазор тонна расидааст. Аз ҷумла, воридоти дизел аз ин се кишвар аз 2,4 ҳазор тонна дар моҳи июн ба 17,6 ҳазор тонна дар июл зиёд шудааст.

Дар ҳар сурат, Русия таъминкунандаи асосии маҳсулоти нафтии Тоҷикистон ба ҳисорб меравад. Дар ин шартномаи наве, ки сурат гирифтааст, нархи харид ва муҳлати расидани дизели иловагӣ ба кишвар зикр нашудааст. Ҳоло маълум нест, ки ин афзоиш кай ба бозори дохилӣ мерасад ва ба нархи сӯзишворӣ чӣ таъсир мегузорад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Амрико як шаҳрванди Тоҷикистонро барои кумак ба хариди силоҳ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...