КДАМ аз як хонавода 13 касро бо шумумли кӯдакони навзод барои бозпурсӣ бурдааст.

Дар ин чанд рӯзи ахир навору аксҳо ва гузоришҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешавад, ки аз таъқибу бозпурсии наздикони фаолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон аз ҷониби кормандони амниятии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин росто Ҷаннатуллоҳи Комил, масъули дафтаи ҲНИТ дар Олмон дар саҳифаи фейсбукияш аз боздоштҳои густардаи хешовандонаш хабар додааст. Номбурда мегӯяд дар давоми се рӯзи ахир 13 тан аз аъзоёни хонаводаашро бо шумули мардону занон ва кӯдакони навзод барои бозпурсӣ ба идораҳои КДАМ бурдаанд.

Боз боздошту тухмат! Муддати се руз мешавад, ки пайвандони ман мавриди боздошту бозпурсии кумитаи Амният карор доранд….

Gepostet von Jannatullohi Komil am Sonntag, 5. Juli 2020

Боз боздошту тухмат!
Муддати се рӯз мешавад, ки пайвандони ман мавриди боздошту бозпурсии Кумитаи амният қарор доранд.
Муддати се рӯз мешавад, ки ду писари апаам ва ду писари бародарам бо номҳои
– Тураев Хусайн 22 сол
– Атавуллоев Дилшод 28 сол
– Комилов Мухаммад 28 сол
– Комилов Шариф 29 сол
Аз ҷониби Амнияти милли бидуни ҳеч гуноҳе боздошт шуда ва то ҳол дар боздоштгоҳ мебошанд.

– Ҳамчунин ҳаминрӯз бародарам Комилов Зубайдуллохро аз хона омад ба Идораи амнияти Дангара бурда, онҷо то бегоҳ боздошт ва сипас ӯро ба Себистон оварда дар идораи Ҷамоати Себистон аз ҷониби Амнияти минтакаи Кулоб то ҳол мавриди бозпурсӣ қарор додаистодаанд.

– Илова бар ин, рӯзи гузашта чанд тан аз кормандони Амният ба хонаи бародарам дар шаҳри Душанбе омада,
– Шарипова Хуснигул 53 сола хамсари ӯро ҳамроҳ бо духтараш,
– Комилова Фотима 25 сола бо шумули кӯдаки се солаи духтараш боздошт карда ба боздоштгоҳ бурда то бегоҳ онҳоро боздоштаанд.
– Субҳи имрӯз бошад ду мошини Амниятӣ ба хонаи мо дар Ҷамоати Себистон омада, аз онҷо,
– Комилова Шодигул 52 сола апаам ва
– Комилова Маъсума 23 сола духтари бародарам бо ду кудаки ширхораш ва
– Шайхмуродова Бунафша 25 сола хамсари фарзанди бародарамро бо кӯдаки се солааш боздошт карда, ба Идораи амнияти Данғара бурда то бегоҳ бозпурсӣ карда, сипас ҷавоб додаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.