Мақомоти Тоҷикистон ба тахриби бинои собиқи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, ки аз соли 1992 Қасри раёсати ҷумҳурӣ маҳсуб меёфт, шурӯъ кардаанд.
Бинобар навиштаи Азия-Плюс ин бино дар пойтахти Тоҷикистон дар соли 1957 сохта шудааст. Дар замони шӯравӣ қароргоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон дар он ҷойгир буд. Баъди касби истиқлоли кишвар тӯли 25 сол дар ин бино Президент ва ҳукумати Тоҷикистон фаъолият кардаанд. Соли 2016 Президент ва ҳукумат ба бинои нави Қасри миллат кӯчиданд. Феълан дар қаноти чапи ин бино ҳукумати Душанбе ва Кумитаи туризми кишвар маскан гирифтаанд.
Тахриби ин бино дар чаҳорчӯби нақшаи кулл ва ё генплани Душанбе сурат мегирад.Феврали соли ҷорӣ Маҳмадсаид Зувайдзода, ҷонишини аввали раиси шаҳри Душанбе дар як конфронси матбуотӣ тасдиқ кард, ки ин бино нобуд мешавад. Тахриби бино аз қабати рости он сар шудааст. Сипас қисмати марказӣ ва дар охир қисмати чапи он ки ҳоло маъмурияти шаҳрдории Душанбе дар он қарор гирифтааст, ба хок яксон карда мешаванд. Қарор аст дар ҷойи он бинои нави Ҳукумати Тоҷикистон бунёд шавад.
Ба дунболи эълони тасмим тахриби “яке аз зеботарин биноҳои шаҳр” дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое зиёде баланд шуда ва барои ҳифзу ҳимояи он шаҳрвандон эътироз карданд.
Яке аз онҳо Аниса Собирӣ, коргардони тоҷик аст ки мегӯяд, набояд ин бино тахриб бишавад. Вай гуфтааст:
“Ба назари ман вайронсозии ин бино дар як вазъияти душвори иқтисодӣ барои тамоми олам ғайриқобили қабул аст. Чунки барои сохтмони бинои нав ҳатто агар он бо сармояи хориҷӣ ҳам бошад маблағи зиёд масраф мешавад дар ҳоле ки он маблағро барои бахшҳои авлавиятнок:-маориф, саноат тиҷорати хурду миёна, кишоварзӣ ва тандурустӣ метавон харҷ кард”.
Яке аз онҳо таърихшинос Ғафур Шерматов мебошад, ки ба назари ӯ вайронсозии ин бино нест кардани таърихи худ аст:
“Ман чунин меҳисобам ин бино барои ҳукумат ва ҳизб бо тамоми назокат ва санъати олӣ ва қоидаи меъморӣ сохта шуда буд. Ин бинои мустаҳкаму тобовар буда ҳадди ақал барои 300-500 сол пешбинӣ шудааст. Вақте мегӯянд, ки бино захоири худ, яъне тавонмандиву тобоварии худро аз даст доааст, дуруст нест, дурӯғ аст. Шумо ба сангҳои ружду ҳамвор ва боқуввати он ва тарҳи зебову аҷоиби он нигаред. Таърихи худро ҳифз кардан бисёр муҳим аст”.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардаанд, ки биноро аз байн набаранд ва барои дигар идора ва ҳадаф истифода баранд. Фаррух Неъматзода рассоми маъруфи тоҷик пешниҳод кардааст, ки дар ин бино Академияи улуми Тоҷикистон ва ҳар пажӯҳишгоҳе метавонад ҷой бигирад вале дар ягон ҳолат набояд аз байн бурда бишавад. Вай гуфтааст, намефаҳмад, ки чӣ роҳбариятро водор кардааст ба ин иқдоми ваҳшиёна даст бизанад?
Дар ҳамин ҳол бархе аз душанегиҳо хоҳиш кардаанд,ки ақалан барои бори охир як экскурсия ташкил бидиҳанд,то хоҳишмандон бубинанд,ки дар дохили он чи буд,зеро беш аз 60 сол аз он кишвар ва миллат идора шудааст.
Дар ҳамин ҳол як нафар аз фаъолони сиёсӣ ки нахост номаш зикр шавд гуфт тахриби инои ҳукумати Тоҷикистон бо ҳадафи шустани хотираи таърихӣ ва ҷойгузин кардани Раҳмон ва ҳукумати вай ба унвони меъмори Тоҷикистон аст.Вай ки худро асосгузори давлати навин эълон кардааст,қасд дорад дар ҳама арсаҳо осори худро боқӣ бигузорад, ҳама чиз боял ёди ӯро бикунад ҳамчунон, ки ҳайкали Сомонӣ дар маркази пойтахт бо қошу қавораи ғайритоҷиконаи ӯ сохта шудааст.