18.9 C
Dushanbe

Юсуф Раҳмон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад!

Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдони тоҷики муқими Аврупо дар як муроҷиати видеоияш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук аз раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон талаб кардааст, ки Юсуф Раҳмонро ба хотири қонуншиканиҳояш ба ҷавобгарӣ бикашад.

Ёров дар муроҷиати видеоияш аз нишасти матуботии рӯзи 14-уми июл ёдовар шуда Юсуф Раҳмон ва муовинонашро ба қонуншиканӣ муттаҳам кард. Ҳуқуқдони тоҷик мегӯяд, Прокурори генералӣ ин сардори мақомотест, ки вобаста ба он бояд риояи дақиқи қонунҳоро дар қаламравӣ ҷумҳурӣ таъмин ва назорат намояд.

Ба гуфтаи Ёров вақте Прокурори генералӣ даст ба қонуншиканӣ мезанад, бояд фавран нисбаташ парванда боз шуда аз мақомаш барканор шавад ва чунин ашхос сазовори ин мақом нестанд. Ӯ дар идомаи сӯҳбаташ аз бениқоб ширкат кардани додситон ва муовинонаш дар толори конфронси матбуотӣ дар ҳузури даҳҳо рӯзноманигору коршинос ва риоя накардани ҳолатҳои санитарӣ дар замони пандемия, ки боиси сироят гаштани шаҳрвандон мегардад, интиқод намуда, ӯро поймолкунадаи қонун донист.

Ин дар ҳолест, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон зери беш аз 20 қонуне имзо гузошт, ки ҳарду палатаи Маҷлиси Олии кишвар баъди ворид кардани тағйиру иловаҳо онро таъйид кардаанд. Бо имзои ин қонунҳо ба қонуни буҷаи давлатӣ ҳам тағйирот ворид карда шуд, ки тасмими ҳукумат мабнӣ ба паёмадҳои COVID-19-ро қонунӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми ҷаримаи муқарраршуда ба афроди бидуни ниқоби тиббӣ дар давраи режими пандемия аз 116 то 290 сомонӣ муқаррар шудааст.

Шакли пурраи муроҷиати Ҷамшед Ёровро дар поён тамошо кунед:

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҷавони тоҷик аз Австрия истирдод ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шуд

Тоҷикистон як сокини ноҳияи Шаҳритӯсро, ки аз Австрия истирдод шуда буд, ба 15 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кард.

Раиси фурӯдгоҳи Душанбе бо иттиҳоми дуздии пули калон боздошт шуд

Мақомот собиқ раиси Фурӯдгоҳи байнулмилалии Душанбе Исматулло Абдуллозодаро ҳамроҳи муовинонаш боздошт кардаанд.

Тоҷикистон бо касби 11 медал барандаи “Grand Slam”-и Душанбе шуд

Ҷудокорони Тоҷикистон бо дарёфти 11 медал дар мусобиқаи ”Dushanbe Grand Slam 2025” ҷойи аввалро ба даст оварданд.

Бетартибӣ дар мактабҳо муд шудааст?

Навори бо тухм задани як талабаи мактаб дар ноҳияи Шаҳринав боиси вокунишҳои тунди корбарон шуд.