Додрас бо иттиҳоми ришва дастгир шуд

Акс аз: sobitie.com.ua

Додраси додгоҳи ноҳия Ҳисор бо иттиҳоми гирифтани пора боздошт шудааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Агентии мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар дод.

Дар хабар омада, ки Собирзода Зайдулло Фозил додраси додгоҳи Ҳисор ҳамчун шахси мансабдор аз шаҳрванд “А” барои нисбаташ таъин намудани ҷазои сабуктар маблағи 30000 сомонӣ пора талаб намуда аст. қисме аз ин маблағро дар 12 апрели соли 2020 ба миқдори 10000 сомонӣ гирифта, боқимондаи онро талаб намудааст.14 апрели соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ Собирзода З.Ф. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 20000 сомонии боқимонда дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Собирзода З.Ф.  бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад. Зайдулло Собирзода бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон аз 8 июн «бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад» аз вазифаи судяи суди шаҳри Ҳисор барканор карда шуд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ ба ин вазифа дар моҳи феврали ҳамин сол таъйин шуда буд. Қаблан бо фармони президент, раиси суди ноҳияи Айнӣ Шараф Турсунзода ҳам, ки ба гирифтани 15 ҳазор сомонӣ пора айбдор мешавад, аз мақом барканор гардида буд. Низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон яке аз фасодзадатарин соҳаҳои давлатӣ дониста мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Роғун: Сохтмон ё кӯлоҳбардории аср ва ояндаи норӯшани он

НОБ-и Роғун, бузургтарин сохтмони таърихи кишвар, ки аз худи...

Аз 1-уми сентябр қоидаҳо барои муҳоҷирон дар Русия сахттар мешаванд

Аз 1-уми сентябри соли 2026 дар Русия чанд қонуни наве ба иҷро медароянд, ки назорат аз болои муҳоҷирон сахттар мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон писараш Рустами Эмомалиро бо ордени Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо фармони худ писараш Рустами Эмомалиро бо ордени дараҷаи якуми Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ кард.

Камбизоатӣ дар Тоҷикистон дар то 19 дарсад коҳиш ёфтааст. Муҳоҷират чӣ?

Сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон аз 83 дарсад дар солҳои аввали истиқлол то 19 дарсад дар соли 2025 коҳиш ёфтааст.