Боздошти гурӯҳии тоҷикон дар бозори “Теплый Стан”-и шаҳри Маскав

Акс: аз сомонаи “Ахбор”

Пулиси Маскав давоми рӯзҳои 1 ва 2 августи соли ҷорӣ адади зиёди муҳоҷирони кории тоҷикро аз бозори “Теплый Стан”-и шаҳри Маскав дастгир намуда аст. Дар ин бора Каримҷон Ёров бо нашри видеоӣ дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод.

Бо сабаби муноқишае, ки рӯзи 1 август дар бозори назди истгоҳи метрои “Теплый Стан”-и шаҳри Маскав байни муҳоҷирони тоҷик ва кормандони пулис ба вуқуъ пайваста буд, кормандони пулиси ин минтақа дар бозори мазкур рейдҳои сахт гузаронда даҳҳо муҳоҷири бегуноҳеро, ки дар бозор ба ҳар шакле кор мекарданду дар муноқиша ҳамроҳ набуданд, ба хотири тоҷик буданашон дастгир карданд.

Дар ин росто сомонаи «Ахбор» акси ду ҷавони тоҷикистониеро, ки бо гумони муқовимат ба кормандони пулис дастгир шудаанд ва дар натиҷаи латукӯби сахт ба беморхона фиристода шуданд, нашр намуд. Сомонаи “Ахбор” менависад, дар бораи шахсияти онҳо маълумоте дастрас нест, ба ҷуз инки якеаш бародари Маҳмадалӣ ном таксирон аз Тоҷикистон будааст, ки дар назди ҳамон бозори “Теплый Стан” кирокашӣ мекардааст.

Каримҷон Ёров, яке аз мудофеони ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар саҳифаи фейсбукаш бо нашри видеое қазяи мазкурро шарҳ дод. Бино ба гуфтаи Ёров, як муҳоҷири тоҷик бо нигаҳбони бозори “Теплый Стан” муноқиша намудааст, ки дар натиҷа нигаҳбони бозор фарзанди худро, ки корманди мақомот будааст, даъват намуда ва ӯ муҳоҷири тоҷикро дастбаста вориди мошин намуда латукӯб кардааст. Ба ин ҳодиса муҳоҷирони дигари тоҷик вокуниш нишон дода муҳоҷирро аз дасти пулис раҳо мекунанд ва байни пулису муҳоҷирон ҷанҷолу кашмакаш мешавад. Ёров мегӯяд, пулиси минтақа ин ҳодисаро баҳона намуда ба шикори муҳоҷирони тоҷик оғоз кардааст.

Ӯ мегӯяд мақомоти дипломатии Тоҷикистон то куҷо огоҳанд аз ин қазия ва корро оғоз кардаанд ё не хабаре надорад. Ва агар аз ин қазия огоҳ набошанд хостааст, ки ҳодисаро пайгирӣ кунанд, чун аксари муҳоҷирони тоҷик ҷойҳои кори худро тарк намуда ба ҳар ҷое паноҳ бурдаанд. Ва дахолат накардани кормандони сафорати Тоҷикистон ба ин қазия паёмади хубе надорад, – мегӯяд Каримҷон Ёров.

Gepostet von Каримджон Ёров am Sonntag, 2. August 2020

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

HRW аз Олмон талаб кард, ки ихроҷи Асадулло Бобоевро шарҳ диҳад

Созмони байналмилалии Дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch) аз мақомоти Олмон талаб карда, ки ихроҷи фаъоли мухолифи тоҷик Асадулло Бобоевро ба Тоҷикистон шарҳ диҳанд.

Душанбе ва САҲА: идомаи ҳамкориҳо бо вуҷуди курсии холии Душанбе дар Варшава

Пас аз иштирок накардани Тоҷикистон дар нишасти САҲА, намояндаи ин ниҳод бо мақомоти тоҷик дар Душанбе гуфтугӯ карданд.

Рӯзи маҳбусони сиёсӣ: беш аз як миллион маҳбуси сиёсӣ дар ҷаҳон

То имрӯз дар саросари ҷаҳон беш аз як миллион нафар ба сабаби фаъолиятҳои сиёсӣ ва ё дигарандешӣ дар зиндонанд.

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ камтар, вале аз Ҳиндустон ва Чин бештар

Русия дар пасманзари ҷанг алайҳи Украина ва камбуди шадиди қувваи корӣ ҷалби муҳоҷирони кориро зиёд кардааст.