Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии Лукашенкоро ба дастгирӣ ёфтан аз ҷониби мардумаш рабт дод

Акс аз rg.ru

Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 10 август ба Александр Лукашенко, президенти азнавинтихобшудаи Белорус барқияи шодбошӣ фиристод.

Раҳмон зимни ирсоли барқияаш Лукашенкоро ба пирӯзиаш дар интихоботи ин кишвар табрик намуда гуфтааст, ки сабаби дигарбора интихоб гардиданаш ба ҳайси президенти ин кишвар дастгирӣ ёфтани ӯ аз ҷониби мардум ва сиёсатҳои дурандешонааш оиди рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Белорус мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: “Ғолибияти Шумо дар интихоботи президентӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа эътироф гардидани саҳми бузурги Шумо дар рушду таҳкими асосҳои соҳибихтиёрии давлати Беларус буда, дурустии сиёсати дурандешонаи дар ин роҳ интихобкардаатонро, ки пайгирона ба баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандони кишвар ва обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, таъкид менамояд”.

Дар идома афзудааст, ки барои муносибатҳои ояндаи ду кишвар умеди нек дошта, вазифаи асосиро дар давраи пешомад дар тақвият додани муносибатҳо мебинад ва ин ҳамкориҳоро ба нафъи мардуми ду кишвар хонд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба Лукашенко таманниёти нек намуда сулҳу суботу пешравиро барояш хостааст: “Сидқан ба Шумо сиҳатмандии комил, бахту иқбол ва дар фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Беларус сулҳу субот ва пешравию шукуфоӣ орзумандам”.

Ҳамзамон Эмомалӣ Раҳмон бо Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ низ анҷом дода, дар рафти сӯҳбат саҳми ӯро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус ба таври хосса таъкид кардааст.

Лозим ба қайд аст, ки Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон дарозумртарин президентҳои давлатҳои пасошӯравӣ дониста мешаванд, ки якумӣ 26 сол ва дуюмӣ 28 сол боз дар курсии қудрат нишастаанд. Раванди интихоботҳои президентии ин ду кишвар агарчи аз ҳисоби нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хуб баҳогузорӣ мешаванд, аммо нозирони байналмиллалӣ ба интихоботҳои президентӣ ва парлумонии ин кишварҳо чандон баҳои мусбат надодаанд.

Александр Лукашенко чанде пеш пас аз таъйини ҳукумати нави кишвараш дар хусуси ҳифзи сулҳу субот суханронӣ намуда изҳор дошт, ки Белорус ягона кишвари пасошӯравӣ аст, ки мусибатро надид. Дар рафти суҳбаташ аз Эмомалӣ Раҳмон мисол овард, ки ӯ бо нерӯи низомӣ вориди Душанбе шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад.

“Касе намедонад, ки чигуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад. Чандин нафар он ҷо мурд. Чигуна бо ришдорҳо мубориза мебурданд”, – гуфта буд Лукашенко.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Ҳамлаҳои нави Исроил ба Ғазза вазъи инсониро бадтар кардааст

Бо вуҷуди барқарории оташбас ҳамлаҳои низомии Исроил ба минтақаҳои гуногуни Ғазза идома дошта, вазъи башардӯстона дар ин борика боз ҳам бадтар мешавад.

Ҳамсари “Фирдавс Киллер” хабари марги ӯро рад кард

Хабари кушта шудани Фирдавс Салоҳов, як зодаи ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар ҷанги Украина, ки рӯзҳои охир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида буд, аз сӯи ҳамсари ӯ рад шуд.

Пас аз эълони Трамп нархи ҷаҳонии нафт беш аз 7 дарсад коҳиш ёфт

Нархи ҷаҳонии нафт пас аз он ки президенти Амрико Доналд Трамп аз ҳамлаи низомӣ алайҳи Эрон даст кашид, ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Дар Суғд блогерон барои “фаъолияти ғайриқонунӣ” даҳҳо ҳазор ҷарима шуданд

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 мақомоти андози вилояти Суғд 17 блогерро барои "фаъолияти соҳибкорӣ бидуни сабти номи давлатӣ" гунаҳкор дониста, дар маҷмуъ 96,7 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.