Вазири нақлиёти Тоҷикистон даст ба худкушӣ задааст

Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти ҶТ даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора сомонаи ҳукуматии “Ховар” бо такя ба иттилои Прокуратураи генералии ҶТ хабар дод.

Ба иттилоъи манбаъ вазири нақлиёти ҶТ Худоёр Худоёрзода субҳи 11 август дар хонаи истиқоматии худ баъд аз муноқишаи оилавӣ бо истифода аз корд даст ба худкушӣ задааст.

Прокуратураи генералии ҶТ менависад вақти рух додани ҳодиса ҳамсар ва фарзандони вазир дар хона будаанд ва ба ӯ ёрии аввали тиббӣ расондаанд.

“Ҳамсари Худоёрзода Х. – Қаландарова А., писараш Худоёров Некрӯз, духтараш Худоёрова Зайнура, келинаш Суфишоева Гулнисо ва дигар аъзои оилаи у, ки дар хона ҳузур доштанд, аз воқеа хабардор шуда, ба у кумаки аввалиндараҷа расониданд.”

Дар прокуратураи генералии ҶТ гуфтаанд, ки вобаста ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишоти он идома дорад.

Худоёр Худоёрзода дар гузашта вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон буд. Дар солҳои 2013-2017 ба ҳайси раиси ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон кор кардааст. Аз моҳи январи соли 2017 вазири нақлиёти Тоҷикистон аст.

Ҳодисаҳои худкушии мансабдорон дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки сурат мегирад. Соли 2009 собиқ вазири корҳои дохилии ҶТ  Маҳмадназар Солиҳов даст ба худкушии зада ба ҳалокат расида буд. Бино ба гузоришҳо, Солиҳов лаҳзае, ки кормандони Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба наздаш омада буданд, дар сари худ тир холӣ намуда ба ҳалокат расид. Аммо писари Солиҳов, ки он замон 12 сол дошт ба хабарнигорон гуфта буд, ки падарашро дар назди онҳо парондаанд.

Ин ҳодиса он замон суолҳои зиёдеро ба бор оварда буд, ки то ҳол беҷавоб мондаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Чаро Русия ба муҳоҷирони Осиёи Марказӣ пушт гардонд?

Дар ҳоле, ки Русия шадидан ба қувваи корӣ ниёз...

Баҳси бесобиқа дар футбол: Ҷоми ҷаҳон ё Инфантино?

Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЕФА) ва ҳамаи 55 федератсияи...

Чин дар Душанбе корхонаи муосири коркарди партов месозад

Мақомоти Тоҷикистон раванди ҷалби сармоя ва технологияҳои чиниро барои...

Афзоиши норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо бо вуҷуди таъсиси 85000 ҷойи нави нишаст

Вазорати рушди иқтисод ҳамроҳ бо ҳукумати Тоҷикистон барои бештар...