9.9 C
Dushanbe

Мақомот бародари Шоҳнаим Каримро бар асари шиканҷа фалаҷ кардаанд

Бино бар гузориши сомонаи “Паём” мақомоти амниятии Тоҷикистон Муслим Кузов, бародари Шоҳнаими Карим (Мирзораҳим Кузов)-ро шиканҷаи ҷисмониву равонӣ намуда, то ҳадди фалаҷи ҷисмӣ оварда расонданд. Манбаи “Паём” гуфта, ки қисми чапи бадани Муслим Кузов аз кор монда, биноияш ҳам сахт заъиф шудааст.

Гуфта мешавад, ки ин шиканҷаҳо ҳама ба хотири он аст, ки Муслим Кузов бояд алайҳи бародараш Шоҳнаими Карим изҳорот бидиҳад ва аз ин ки ӯ узви аршади ҲНИТ асту дар Аврупо паноҳ бурдааст, интиқод кунад. Наздикони Муслим Кузов мегӯянд, ки беш аз ним сол мешавад, бо ӯ вохӯрда наметавонанд.

Имрӯз худи Шоҳнаим Карим дар саҳифаи фейсбукаш суҳбати онлайнӣ доир намуда хабари мазкурро таъйид кард. Ӯ дар суҳбати худ амалкарди мақомоти амниятии кишваррро маҳкум карда афзуд, ки ин ҳама шиканҷа ба хотири чист? “Чаро бародармро барои ман шиканҷа мекунед? Ҳатто чаро бародарзодаам, Раббонӣ Кузуов, ки на узви ҲНИТ буду ҳаст ва на ба сиёсат коре дорад, бояд барои ман шиканҷа бишавад?”

Шоҳнаим Карим дар идомаи суҳбати мустақими худ аз мақомот хост даст аз ин таҳиду фишорҳо бардоранд, чун на худи ӯ  ва на наздиконаш гуноҳе надоранд, ки ин қадар мавриди азияту озор қарор бигиранд. Муовини ҲНИТ ин ҳама фишорҳоро ба фаъолияти сиёсияш рабт дода афзуд, ки фаъолияти сиёсӣ ва мухолифи ҳукумат будан, дар ҳеч қавонии байналмиллалие ҷурм дониста намешавад, чаро ҳукумати Тоҷикистон аз ин амал сахт метарсад ва барои бастани даҳони мухолифонаш даст ба озори онҳо ва ҳатто наздиконашон мезанад?

Муслим Кузов беш аз ним сол қабл бидуни эълони иттиҳом боздошт шуда буд ва ҳамин тавр бидуни эълони айб, номҳои додситону додрас ва бе ҳузури вакили дифоъ муҳокима шуд. Додгоҳ ӯро ба 18 соли зиндон маҳкум кардааст.

Тибқи иттилоъи мнабаъи Паём Муслим Кузов дар зиндони рақами 4, маъруф ба “1-ум Советский” нигоҳдорӣ мешавад ва иҷозаи тамос бо наздиконашро надорад.

Худи Шоҳнаими Карим низ бо дархости Интерпол се сол қабл зимни як сафар дар Афина, пойтахти Юнон боздошт шуда буд. Аммо додгоҳи ин кишвар парвандаи ӯро сиёсӣ дониста, озодаш кард.

Як сол қабл мақомоти амниятии Тоҷикистон хонаи Шоҳнаими Каримро, ки иборат аз 3 ҳуҷра буда, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, минтақаи 84-уми пойтахт ҷойгир аст, ғасб карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Путин баъзе пешниҳодоти Трампро дар мавриди сулҳ бо Украина пазируфт

Кремлин рӯзи чоршанбе, 3-юми декабр эълон кард, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия баъзе аз пешниҳодоти Амрикоро дар мавриди поён додани ҷанг дар Украина пазируфтааст.

СҲШ ҳамла ба Тоҷикистонро кори дасти гуррӯҳҳои ҷиноятпеша номид

Созмони Ҳамкории Шанхай бо нашри изҳороте ҳамлаҳои маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро, ки 26 ва 30-уми ноябри соли 2025 рух доданд, маҳкум кард.

Тоҷикистон барои назорати марз бо Афғонистон аз Русия кумак хост?

Хабргузории "Ройтерз" навишта, ки Тоҷикистон аз Русия барои назорати марз бо Афғонистон кумак хостааст.

ИМА қабули дархостҳои муҳоҷиратии шаҳрвандони 19 кишварро боздошт

Амрико қабули дархостҳои вобаста ба муҳоҷират, аз ҷумла барои гринкарт ва шаҳрвандии Амрикоро аз ҷониби шаҳрвандони 19 расман боздоштааст.