Инфиҷори лулаи газ дар Сураи барқи кишварро ба пуррагӣ хомуш кард

Акс аз сомонаи www.albayan.ae

Инфиҷори рӯзи душанбе дар лӯлаи бузурги интиқоли газ дар шаҳри Димишқи Сурия, ки боис шуд тамоми кишвар бе нерӯи барқ шавад, натиҷаи амали террористист. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо такя ба изҳороти Алӣ Ғоним, вазири нафт ва захоири минералии Сурия хабар додааст.

“Баъди арзёбии вазъият маълум карда шуд,ки инфиҷор дар лӯлаи газ байни минтақаҳои Адра ва Зумайр, амали террористӣ буда аст”,- нақли қавл кардааст шабакаи телевизионии Al Ekhbariya Сурия аз қавли Алӣ Ғоним, вазири нафт ва захоири минералии Сурия.

Ғоним афзудааст, ки ба мутахассисон муяссар шуд, ки мушкили пешомадаро дар таyoмоми истгоҳҳои барқии ҷумҳурӣ бартараф кунанд ва феълан ҳар кадоме аз онҳо барои кор омода аст.

Вай гуфтааст,ки соатҳои наздик интиқоли нерӯи барқ дар сартосари кишвар шурӯъ мешавад. Ин шабака мегӯяд, ки сӯхтори ба вуҷудомада аз таркишро неруҳои оташнишонӣ хомӯш кардаанд. Қаблан Оҷонсии SANA бо истинод ба баёнияи Ғоним хабр дода буд, ки тамоми  қаламрави кишвар бар асари таркиш дар лӯлаи газ дар ҷануби Сурия аз барқ маҳрум шуд.

Шабакаи Al-Ekhbariya, аз қавли Ғоним мегӯяд, ки бар асари ин ҳодиса се истгоҳи неруи барқ аз кор бозмонд. Дертар вазири энергетикаи Сурия Муҳаммад Зуҳур Харбутли хабар дода буд,ки истгоҳҳои барқӣ барои иншооти ҳаётан муҳим барқро таъмин мекунанд ва барои бархе аз музофот ҳам интиқоли он аз сар гирифта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар ноҳияи Шоҳмансур марде бо гумони рабудани ноболиғ ва ҳаракатҳои бадахлоқона боздошт шуд

Дар Душанбе як мард бо гумони рабудани ноболиғ ва анҷоми ҳаракатҳои бадахлоқона нисбат ба ӯ боздошт шудааст.

Баъди бозӣ бо Партугалия шонси бурди Узбекистон ба давраҳои баъдӣ хеле кам шуд

Дастаи мунтахаби Узбекистон дар бозии дуюми худ дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии соли 2026 аз тими Португалия бо ҳисоби бузурги 0:5 шикаст хӯрд ва имкони роҳ ёфтанаш ба марҳилаи баъдӣ коҳиш ёфт.

Шикояти сокинон: Маъмурони барқ ҳамро беҳуда қарздор мекунанд

Сокинони бархе ноҳияҳои кишвар аз он шикоят доранд, ки маъмурони барқ хона ба хона гашта, ҳамаро беҳуда аз барқ қарздор менависанд ва ҷарима мебанданд.

Тирпарронӣ ва боздошти навраси 15-солаи тоҷик дар Варшава

Пулиси шаҳри Варшаваи Лаҳистон ду навраси тоҷикро, ки байни худ даргир шуда ва дар натиҷа тирпарронӣ карданд, боздошт кардааст.