9.9 C
Dushanbe

Ҷаримаи 50 нафар барои надоштани ниқоб дар Суғд

Акс аз: “Sputnik”

Мақомоти вилояти Суғд рӯзи 29 август 50 нафарро дар маркази вилояти Суғд барои надоштани ниқоби тиббӣ ва риоя накардани қойдаҳои беҳдоштӣ ҷарима карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти вилояти Суғд хабар дод.

Дар хабарр омада, ки дар натиҷаи гузоаронидани амалиёт аз ҷониби намояндагони давлат дар марказҳои дилхушӣ ва марказҳои савдо маъдум гардид, ки аксари фурӯшандагон ва харидорон қойдаҳои одии беҳдоштиро риоя намекунанд ва бениқоб дар ҷойҳои серодам гаштугузор доранд ва фурӯшандагон бе ниқоб савдо доранд.

Ин дар ҳолст, ки Порлумони Тоҷикистон рӯзи 10-уми июни соли ҷорӣ ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноӣ тағйирот ворид намуд ва Маҷлиси миллӣ пазируфту Президент  имзо гузошт, пас аз он сокинон  барои надоштани ниқоби тиббӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷарима мешаванд ва  барои паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ аз 2 то 5 сол, дар сурати такрор аз 5 то 10 сол ҳабс пешбини шудааст.

Коршиносон ин ҷаримабадиҳоро ба вазъияти кунунии Тоҷикистон созгор намедонанд, зеро маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил медиҳад ва барои шаҳрвандоне, ки 180 сомонӣ нафақа мегиранд, чӣ гуна ҷаримаҳоро пардохт мекунанд. Ҳамчунин сокинон мегӯянд, ки нархи ниқоб дар Тоҷикиситон гарон аст, ҳамарӯза имкони харидории ниқобро надоранд, бояд мақомот чораандешӣ намоянд.

Рӯзи  28-уми август Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар  сомонааш  бо нашри иттилои расмӣ хабар дод, ки дар умум аз рӯзи 30-юми апрел коронавируси нав дар саросари кишвар ба 8481 нафар сироят кардааст, вале тақрибан 86 дарсади онҳо, ё 7276 кас аз чанги ин беморӣ раҳо шудаанд. Талафот аз COVID-19, ба гуфтаи мақомот, 68 нафарро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи коршиносон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин арқом ба ҳолати кунунии кишвар дуруст намеояд ва арқоми воқеӣ болотар аз онест, ки мақомот гуфтаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Путин баъзе пешниҳодоти Трампро дар мавриди сулҳ бо Украина пазируфт

Кремлин рӯзи чоршанбе, 3-юми декабр эълон кард, ки Владимир Путин, раисҷумҳури Русия баъзе аз пешниҳодоти Амрикоро дар мавриди поён додани ҷанг дар Украина пазируфтааст.

СҲШ ҳамла ба Тоҷикистонро кори дасти гуррӯҳҳои ҷиноятпеша номид

Созмони Ҳамкории Шанхай бо нашри изҳороте ҳамлаҳои маргбор аз хоки Афғонистон ба Тоҷикистонро, ки 26 ва 30-уми ноябри соли 2025 рух доданд, маҳкум кард.

Тоҷикистон барои назорати марз бо Афғонистон аз Русия кумак хост?

Хабргузории "Ройтерз" навишта, ки Тоҷикистон аз Русия барои назорати марз бо Афғонистон кумак хостааст.

ИМА қабули дархостҳои муҳоҷиратии шаҳрвандони 19 кишварро боздошт

Амрико қабули дархостҳои вобаста ба муҳоҷират, аз ҷумла барои гринкарт ва шаҳрвандии Амрикоро аз ҷониби шаҳрвандони 19 расман боздоштааст.