Асадулло Бобоев баъди ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон ба 17 соли зиндон маҳкум шуд

Асадулло Бобоев, ки моҳи июни соли ҷорӣ аз Олмон ихроҷ ва пас аз расидан ба Душанбе боздошт шуда буд, ба 17 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора расонаи “Паём тв” бо истинод ба яке аз наздикони ӯ, ки нахостааст номаш фош шавад, хабар додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, мурофиаи додгоҳии Бобоев рӯзи 21-уми сентябри соли 2026 баргузор шудааст. То ҳол маълум нест, ки ҳукмро кадом додгоҳ содир кардааст ва ӯ бар асоси кадом моддаҳои Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор дониста шудааст. Нусхаи ҳукми додгоҳ низ дастраси расонаҳо нест ва ин маълумот то кунун аз ҷониби манбаи мустақили дигар тасдиқ нашудааст.

Мақомоти Тоҷикистон то замони нашри ин хабар дар бораи ҳукми гузоришшуда ва парвандаи Асадулло Бобоев расман изҳори назар накардаанд.

Асадулло Бобоев аз фаъолони ҳаракати мухолифи “Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” буд ва солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сиёсати ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон интиқод мекард.

Ӯ рӯзи 20-уми июни соли 2026 ҳамроҳ бо писари 19-солааш аз Олмон ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Ба гузориши созмони Human Rights Watch, Бобоев пас аз расидан ба фурудгоҳи Душанбе аз ҷониби мақомоти тоҷик боздошт шуд, дар ҳоле ки писараш ба ихтиёри наздиконаш супурда шуд. Ҳамсар ва ду духтари ӯ дар Олмон боқӣ монданд.

Созмони Human Rights Watch рӯзи 7-уми июл аз ихроҷи Бобоев интиқод карда, аз мақомоти Олмон хост шарҳ диҳанд, ки чаро бо вуҷуди огоҳӣ аз хатари эҳтимолии боздошт ва бадрафторӣ ӯ ба Тоҷикистон бозгардонида шуд. Ба арзёбии ин созмон, фаъолияти сиёсии Бобоев метавонист ӯро дар Тоҷикистон дар маърази таъқиб қарор диҳад.

Қазияи Бобоев инчунин ба порлумони Олмон роҳ ёфт. Фраксияи Ҳизби Чап дар Бундестаг бо ирсоли як дархости хаттӣ аз ҳукумати федералии Олмон дар бораи сабабҳои ихроҷи ӯ ва боздошташ дар Тоҷикистон шарҳ талаб кард. Вакилон бо истинод ба гузоришҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ таъкид карда буданд, ки пеш аз Бобоев низ чанд фаъоли дигари мухолифи тоҷик пас аз ихроҷ аз Олмон дар Тоҷикистон боздошт шудаанд.

То ҳол маълум нест, ки Асадулло Бобоев бо кадом иттиҳом маҳкум шудааст, дар мурофиаи додгоҳӣ чӣ далелҳо пешниҳод гардидаанд ва оё ӯ ба ҳимояи мустақили ҳуқуқӣ ва имкони шикоят аз ҳукм дастрасӣ доштааст ё на.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ИМА як шаҳрванди Тоҷикистонро барои мусоидат ба харидории силоҳи зиддиҳавоӣ барои Эрон таҳрим кард

Департаменти давлатии ИМА рӯзи 4-уми ноябр алайҳи се шахс ва чанд ширкат таҳрим ҷорӣ кард, ки дар миёни онҳо як шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст.

Тайсон ва Ҳолифилд дар Душанбе: пушти даъвати ситораҳои дунё чӣ ҳадафе ҳаст?

Шоми рӯзи 5-уми ноябр дар Душанбе ҳамоише бо ҳузури чеҳраҳои саршиноси ҷаҳон дар риштаҳои гуногун баргузор шуд.

Созмонҳо аз Олмон хостанд, ки Саидтаиб Саидмамудовро ихроҷ накунад

Ҳаракати сиёсии "Гурӯҳи 24" аз мақомоти Олмон даъват кардааст, ки аз ихроҷи Саидтаиб Саидмамудов, ҷонибдори ин ҳаракат ва намояндаи ҷомеаи помириҳо ба Тоҷикистон пешгирӣ кунанд.

Шикоят аз бетаваҷҷуҳӣ дар бемористон: бемор пас аз чанд соат интизорӣ ба кома рафт

Наворе, ки рӯзноманигор Шаҳлои Гулхоҷа дар саҳифаи худ дар...