38.9 C
Dushanbe

Боз хабари таҷовузи ноболиғ. Як шаҳрванд барои таҷовузи кӯдакон ҳукми абад гирифт

Исанов Турғунҷон Жураевич

Рӯзи 15 сентябри соли ҷорӣ Додгоҳи шаҳри Душанбе Исанов Турғунҷон Жураевичро бо ҷурми таҷовуз ба номуси писарандар ва духтарандари хурдсолаш ба ҳабси якумра маҳкум кард. Ба гуфаи Додгоҳи шаҳри Душанбе Исанов дар се маврид нисбат ба духтарандари 10-солааш ҳаракатҳои зӯроваронаи шаҳвонӣ анҷом додаааст.

Исанов бо ин ҷиноят иктифо накарда моҳи майи соли 2020 бо мақсади бачабозӣ дидаю дониста писарандари 9-солаашро низ таҷовуз кардааст. “Нисбати Исанов Турғунҷон Жураевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а” ва 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ ба итмом расида ба муҳлати якумра аз озодӣ маҳрум карда шудааст”,- навиштааст суди Шаҳри Душанбе.

Хабарҳои таҷовуз ба номуси кӯдакон аз ҷониби бузургсолон, бавижа аз ҷониби наздикон як масъалаи доғе шудааст, ки чанд ҳафтаи ахир зиёд расонаӣ мешавад. Равоншиносон зуҳури чунин ҷурму ҷиноятро дар ҷомеаҳо ба сабабҳои равонии худи афроди таҷовузгарон рабт медиҳанд. Ба назари онҳо, ин гурӯҳ мардон ҳам аз нигоҳи иҷтимоӣ ва ҳам аз нигоҳи ҷинсӣ худ дучори мушкил ҳастанд.

Дар робита ба ин қазия равоншиноси маъруфи тоҷик, Маҳмудшоҳ Кабиров дар суҳбати катбӣ ба “Azda.tv” гуфт:

“Аксари ин одамон бемории рӯҳӣ доранд, яъне сарҳади рафтори ахлоқии онҳо муайян нест. Ин гуна бемориро педофилия (пед – кӯдак, филия – дӯст доштан) меноманд. Яке аз сабабҳои педофилия ин аз хурдӣ зарби равонӣ ё зуроварии ҷисмӣ хӯрдан аст: -яъне касе онҳоро ба кори ҷинсӣ мутаваҷҷеҳ мекунад ё таҷовуз мешаванд. Сабаби пайдо шудани ин зуҳуротҳо дар Тоҷикистон омадани мигрантҳо аз давлатҳои дигар ва овардани фарҳанги он ҷоҳост. Педофилҳо барои ҷомеъаи мо хатарноканд.

Маҳмудшоҳ Кабиров дар хусуси пешгирии ин зуҳурот гуфт, бояд “системаи тибби равонӣ ва руҳиро пурзӯр намуд. Муттахассисони ин соҳаро таёр намуд. Тарбияи равонӣ фарҳангиро дуруст роҳандозӣ намуд.”

Инчунин оиди пешгирии ингуна ҷиноятҳо, як муҳаққиқи равоншиноси дигар мегӯяд, ки расонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ вазифадор ҳастанд, ки барномаҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбатҳои равоншиносонро дар ин маврид бештар нашр кунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Танишҳои дипломатӣ байни Русия ва Озарбойҷон

Дар пайи боздошти даҳҳо озарбойҷонӣ дар шаҳри Екатеринбург, байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Озарбойҷон танишҳои шадиди дипломатӣ ба миён омадааст.

130 млн доллари Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон

Раисҷумҳури худкомаи Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Фонди Рушди Арабистони Саудӣ Султон Абдурраҳмон ал-Маршад мулоқот кардааст.

Ихроҷи густардаи афғонҳо аз Эрон

Мақомоти эронӣ пас аз ҷанги 12-рӯза бо Исроил ихроҷи густардаи муҳоҷирони афғонистониро рӯи даст гирифтаанд.

Ҳушдор! Ба Белорус сафар накунед!

Он муҳоҷирони тоҷикистоние, ки аз Русия бо сабабҳое ихроҷ ва мамнуъулвуруд шудаанд, ба Белорус ҳам сафар карда наметавонанд.