Барномаи хабарии “ҲАФТА”

Рӯйдоду гузоришҳое, ки тӯли як ҳафта дар ҷомеа рух додааст онро бо шарҳу тафсилоти бештар дар барнома метавонед тамошо кунед.

#Azdatv

● 13-уми августи соли равон Гулназар Келдӣ, муаллифи Суруди миллӣ ва шоири халқии Тоҷикистон, дар синни 75-солагӣ дар бемористони “Истиқлол” аз олам чашм пушид. Номбурда ҳафтаи гузашта бо нишонаҳои гирифторӣ ба бемории вируси COVID-19 дар беморхонаи “Истиқлол” бистарӣ буда рӯзҳои ахир зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ буд.

● Ҳодисаҳои худкушии мансабдорон дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки сурат мегирад. Вазири нақлиёти ҶТ Худоёр Худоёрзода, ки ба қавли мақомот даст ба худкушӣ задааст барномаро бо ин мавзӯъ идома медиҳем.

● Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 10 август ба Александр Лукашенко, президенти азнавинтихобшудаи Белорус барқияи шодбошӣ фиристод ва пирӯзии Лукашенкоро ба дастгирӣ ёфтан аз ҷониби мардумаш рабт дод.

Тафсилоти бештар вобаста ба мавзӯъҳои “Ҳафта” дар шакли видеоӣ инҷост.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Марзи номус: Галустяни “ҚАҲРАМОН” ва Раҷабови “ҶИНОЯТКОР”

Ду таҳқир, ду вокуниш: ҷомеъа якеашро диду вокуниш нишон дод, аммо мақомоти ҳардуяшро нодида гирифтанд ва ҳатто дар таҳқири миллат шарик шуданд.

Дар Русия мехоҳанд аз пули фиристодаи муҳоҷирон андоз ситонанд

Баъзе аз сиёсатмадорон дар Русия пешниҳод кардаанд, ки ҳангоми интиқоли пул аз Русия ба хориҷ то 3 дарсад маблағи иловагӣ ситонида шавад.

СММ: Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт доранд

Беш аз 70 дарсади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ба об рабт дошта, зиёда аз 80 дарсади хисороти аз офатҳои табиӣ расидаро ташкил медиҳанд.

“Бесавод” ва “неандертал”: Интиқоди Шаҳидӣ аз мунтақидони Галустян

Пас аз сафари Михаил Галустян ба Тоҷикистон ва вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ, Табрез Шаҳидӣ, писари оҳангсоз Толиб Шаҳидӣ аз ӯ ҳимоят карда, мунтақидонро "неандертал" хонд.