-1.1 C
Dushanbe

Вазорати молия Тоҷикистон гуфт, буҷети кишвар тибқи нақша иҷро нашуд

Акс аз ТоҷикТА

Ба иттилои Вазорати молияи Ҷумҳури Тоҷикисон Дар мудатти 8 моҳи соли ҷорӣ  ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон 14 млрд. 352 млн сомониро ташкил додааст, ки 2,6% камтар аз нақшаи тасдиқшуда мебошад.

Ин бар ин маъност, ки дар ин давра ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар ҳудуди 400 млн сомонӣ (наздики 39 млн доллар) камтар маблағ ворид гардидааст.

Ҳиссаи андоз дар буҷети давлатӣ 68%-ро ташкил медиҳад, сабаби камбуди буҷет асосан ба коҳиши маблағи воридшаванда аз андоз аз даромад ва андоз аз фоида гуфта мешавад.

Вобаста ба коста гардидани буҷети ҷумҳурӣ маблағгузорӣ ба бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, саноат ва сохтмон, фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасониҳо кам карда шудааст.

Ин омил сабаб гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон охири моҳи июни соли равон нишондиҳандаҳои буҷети имсоларо бозбинӣ кард.

Тибқи нишондиҳандаҳои Вазорати молия, “Ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23,6 млрд сомонӣ муқаррар гардидааст. Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи қаблӣ 400 млн сомонӣ камтар мебошад”.

Дар назар гирифта шуда буд, ки аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ниҳодҳои молиявии байнулмлалӣ касри буҷет рӯйпӯш карда мешавад, вале он ҳам амалӣ нагардид.

Тибқи нақшаи тасҳеҳшудаи Вазорати молия, касри Буҷети давлатӣ дар соли равон 3,1 млрд сомонӣ (беш аз 300 млн доллар) ё худ 3,7% аз ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ба навиштаи Вазорати молияи Тоҷикистон, дар назар аст барои дастгирии буҷети давлатӣ, Бонки осиёии рушд ба маблағи 1 млрд 23 млн сомонӣ (ҳудуди 100 млн доллар) грант ҷудо кунад.

Хазинаи байналмиллалии асъор низ бо ин мақсад ба маблағи 189,5 миллимон долларро тибқи низоми қарздиҳии тезонидашуда ҷудо кардааст,- мегӯяд Вазорати молияи Ҷумҳури Тоҷикистон.

Мақомоти Тоҷикистон омилҳои кам гардидани буҷетро вобаста ба бемории ҳамгироии каронавирус дар сар то сари ҷаҳон медонанд, ки аз ин сабаб буҷети кишвар кам гардидааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Таксиҳои Тоҷикистон нав мешаванд

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст, ки тамоми ширкатҳое, ки дар пойтахт ба хидматрасонии таксӣ машғул ҳастанд, бояд ба мошинҳои барқӣ гузаранд.

Сармоягузории $270 миллиони Чин ба “Роғун”

Бино ба гузорише Бонки сармоягузории зерсохтории Осиё (AIIB) барои бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” 270 миллион доллар маблағгузорӣ мекунад.

Омодагии мақомоти тоҷик ба нишастҳои матбуотӣ

Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти вазорату идораҳои Тоҷикистон барои соли 2024 аз 27-уми январи соли ҷорӣ оғоз мегардад.

Даргузашти як маҳбуси сиёсии дигар дар зиндон

Шаби 12 ба 13-уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе маҳбуси сиёсӣ ва фаъоли зодаи Бадахшон Қулмамад Паллаев дар дохили зиндон даргузашт.