15.9 C
Dushanbe

Дидори намояндагони парлумони Узбекистону Тоҷикистон дар Душанбе

Дафтари  матбуоти палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 21 сенябри соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Узбекистон ва ҳамзамон роҳбари гурӯҳи дӯстии парламенти Узбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.

Гуфта шудааст, дар ҷараёни мулоқот ҳар ду ҷониб масоили ҳамкории байнипарлумонии кишварҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, аз вохӯрӣ ва имкони муҳокимаи муносиботи дуҷониба хушнудӣ карданд.

Раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз иқдомоти накӯи ҷонибдории ташаббусҳои якдигар дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ кардааст.

“Мо бояд ин анъанаҳоро ҳифз намоем, зеро Тоҷикистону Ӯзбекистон дорои иқтидори бузурги фаъолсозии ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳама самтҳо мебошанд. Итминон дорем, ки дар шароити рушди ҳамкориҳои бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои парлумонҳои мо низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт”, – гуфтааст, Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Маҳмадтоир Зокирзода

Ҷонибҳо дар рафти суҳбат доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, робитаҳои густурдаи байнипарлумониро мавриди муҳокима қарор доданд, навиштааст “Ховар”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раиси порлумони Қирғизистон

Гурӯҳе аз намояндагони парлумони Қирғизистон ба Тоҷикистон сафар карда, бо намояндагони парлумони кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқот карданд.

Тоҷикистону Русия масъалаи муҳоҷиронро дар Сочи баррасӣ карданд

Дар нишасте миёни намояндагони Тоҷикистону Русия пешниҳод шуд, ки муҳоҷирони тоҷик пеш аз сафар ба Русия аввал аз муоинаи тиббӣ гузаранд.

Даҳ сол пас аз боздошти раҳбарони ҲНИТ: Нигарониҳо, паёмадҳо ва умедҳо

Даҳ сол пеш дар ҳамин рӯз раҳбарони ҲНИТ аз ҷониби мақомот ва маъмурони Эмомалӣ Раҳмон боздошт гаштанд.