Даргузашти ҳамсари Лоиқ Шералӣ, шоири маъруфи тоҷик

Ҳамсари Лоиқ Шералӣ, Зебуниссо Қутбиддинова субҳи имрӯз, 22 сентябр дар синни 71 солагӣ аз олам даргузашт. Ин маълумотро субҳи имрӯз Диловар Шералӣ дар саҳифаи фейсбукияш хабар дод.

Ба гуфтаи наздиконаш чанд моҳи охир бемор ва як маротиба инсултҳам гузаронда, шифо ёта буд. Ромиш Шералӣ мегӯяд, хурсандии онҳо дер давом накарда, боз фишори модараш боло рафтааст, марҳумро ба Шифохонаи Сино овардаанд ва ин субҳ аз дунё даргузашт.

Зебуннисо Қутбиддинова соли 1949 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, соли 1966 пас аз хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1967 бо Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон хонадор мешавад. Муаллима то охири умраш дар мактаби рақами 54-и ба номи Лоиқ Шералии пойтахт ба ҳайси омӯзгори фанни забон ва адабиёт ва раҳбари осорхонаи Лоиқ Шералӣ, ки дар ҳамон мактаб ҷойгир буд, кору фаъолият кардааст.

Ҷанозаи Зебуннисо Қутбиддинова дар қабристони Сарманзили шаҳри Панҷакент пас аз намози пешин баргузор шуд.

Лоиқ Шералӣ, шоири халқии Тоҷикистон, ки дар байни форсизабонони ҷаҳон ҳаводорони зиёде дорад, соли 2000 дар синни 59 солагӣ бар асари сактаи мағзӣ аз олам чашм пушида буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Кушта шудани 35 нафар дар ҳамлаи Русия ба автобусҳо дар Украина

Дар пайи ҳамлаи ҳавоии Русия ба ду автобуси мусофирбар дар шаҳри Краматорски вилояти Донетск даҳҳо нафар куштааст.

“Ҷумъаи хунин”: ҳамлаҳои эҳтимолӣ ба мактабҳои Лаҳистон ва боздошти беш аз 10 нафар

Пас аз ду ҳамла дар муассисаҳои таълимии вилояти Мазовияи Лаҳистон (Полша) дар миёни хонандагон ва волидон овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои нав бо номи “ҷумъаи хунин” паҳн шудаанд.

Тоҷикистон ва ИМА таъмини бозори кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд

Тоҷикистон бо намояндагони Амрико дар Душанбе масъалаи таъмини бозори дохилии кишвар бо маҳсулоти нафтиро баррасӣ мекунад.

Амрико эҳтимоли ҳамлаи нав ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраӣ баррасӣ мекунад

Доналд Трамп имкони анҷоми ҳамлаҳои нави низомӣ ба Эронро пеш аз интихоботи миёндавраии ИМА баррасӣ мекунад. Аммо ҳанӯз дар бораи оғози чунин амалиёт қарор гирифта нашудааст.