7.9 C
Dushanbe

Як ниҳоди амрикоӣ мардуми деҳоти Тоҷикистонро аз об таъмин карданист

Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе рӯзи 21 сентябр зимни нашри биаёнияе эълон кард, ки як муассисаи кумакии Амрико қарор аст дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 12 миллион доллар барои мардуми деҳот оби ошомиданӣ таъмин кунад.

Гуфта мешавад, ин барнома дар муддати 5 сол аз тарафи Оҷонсии Амрико Барои Рушди Байналмилалӣ, анҷом мешавад ва тибқи барномаи мазкур таъмини оби ошомиданӣ барои 300 ҳазор нафар аз сокинони деҳот ва маҳаллаҳои наздишаҳрӣ ба назар гирифта шудааст.

Дар баёния Сафорати Амрико омадааст:

“дастрасӣ ба оби нӯшокӣ ва беҳдошти муносиб ва мудирияти муносиби захираҳои об, ба роҳи як кишвар ба самти субот, шукуфоии иқтисодӣ ва раҳоӣ аз пойбандӣ, таъсири фавқуллода мегузорад.”

Ҳукумати Тоҷикистон тайи чанд сол аст, ки дар арсаи байналмилалӣ  дар мавриди об симпозияҳо мегузаронад, ҳамчунин Тоҷикистон чанд сол  қабл “Соли оби тоза” эълон намудаа буд, ки ҳадафаш таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ гуфта мешуд, вале то ҳол сокинон аз камбудии оби нӯшокӣ танқиси мекашанд. Ба гуфтаи масъулин айни 40 дарсади сокинони Тоҷикистон аз дастраси ба оби тозаи ошомидани ранҷ мекашанд.

Бино ба гузориши радиои Озодӣ Лео Ҳеллер, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба оби ошомиданӣ ва хадамоти беҳдоштӣ як сол қабл ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки ҳарчӣ зудтар вазъи дастрасӣ ба оби покро барои сокинон беҳтар намояд.

Пас аз панҷ соли сафар ба Тоҷикистон ӯ гузоришашро нашр кард. Дар гузориш таъкид шудааст, ки ҳукумати Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқи сокинон ба дастрасӣ ба об ва хадамоти беҳдоштӣ бар асоси қонунҳои байналмилалӣ бояд корҳои бештаре анҷом диҳад.

Ба гуфтаи мақомоти тоҷик дар даҳ соли ахир сокинони даҳҳо деҳоти дурдаст бо оби ошомиданӣ таъмин шудаанд, вале то ҳол мушкили  сокинон ба оби ошимидани ҳали худро пайдо накардааст. Дар бархе аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе дида мешаванд, ки сокинон обро тирамоҳ ва зимистон захира мекунанд ва аз он моҳҳо истеъмол менамоянд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Исроил коргари тоҷик пас аз паҳн шудани навораш боздошт шуд

Пулиси Исроил як тоҷики зодаи Узбекистонро, ки дар ин кишвар ҳамчун муҳоҷири корӣ фаъолият мекард, пас аз паҳн шудани як навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардааст.

Баррасии дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркманистон

Ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркманистон дар бораи таҳкими равобити тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмию технологӣ дар Душанӣе баргузор шуд.

Волидайни хонандагони як мактаби шаҳри Ваҳдат аз пулҷамъкунии директор ба дод омадаанд

Волидайни чанде аз хонандагони мактаби рақами 133 ба номи Абдухолиқов Аслиддини шаҳри Ваҳдат аз ҷамъоварии беҳудаи маблағ аз ҷониби директор Розиқова Дилафруз шикоят доранд.

Эрон ҳамлаи паҳподӣ ба Озарбойҷонро такзиб кард

Субҳи рӯзи панҷшанбе Озарбойҷон аз ҳамлаи паҳподии Эрон ба Нахҷавон — минтақаи анклав дар ин кишвар, ки бо Эрон ҳаммарз аст, хабар дод.