Аз соли 1997 то имрӯз 29 ҳазор донишҷӯ тариқи квотаи президентӣ пас аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳҳои давлатӣ шомил шудаанд.
Дар ин бора рӯзи 31-уми август Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш вобаста ба оғози соли нави хониш дар мактаби миёнаи умумии №105-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ин 29 ҳазор хатмкардаи мактабҳои миёна аз 61 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон тавассути квотаи президентӣ ба 20 муассисаи олии кишвар дохил шудаанд. Агарчи мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ин адади хатмкардаҳо имрӯзҳо дар соҳаҳҳои гуногун “муваффақона” фаъолият мекунанд, аммо маълумоти дақиқ дар бораи он ки чанд нафари онҳо баъди хатми донишгоҳ ба ноҳияҳои худ баргаштаанд, маълум нест.
Эмомалӣ Раҳмон аз донишҷӯёни тариқи квота хатмкардаҳо омор медиҳад, вале ҳамзамон дар ҳамин суханронияш таъкид мекунад, ки “Барои мо мутахасси даркор на ҷавони дипломдор.”
Шикоят аз норасоии кадрҳо
Ин ҳам дар ҳолест, ки баъд аз қариб се даҳсола ҳанӯз ҳам ноҳияҳо аз норасоии омӯзгор, табиб ва дигар мутахассисон шикоят мекунанд, пас самаранокии квота чӣ гуна чен карда мешавад?
Квотаи президентӣ соли 1997 аввал барои духтарони болаёқати ноҳияҳои дурдаст таъсис ёфт ва аз соли 2005 писарон низ ба он шомил шуданд. То соли 2020 тибқи маълумоти расмӣ 22 ҳазору 209 нафар тавассути ин механизм ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд.
Вале мақомот борҳо таъкид мекунанд, ки мутахассисоне, ки тариқи кувота донишгоҳҳоро хатм мекунанд, ба сари кори худ намераванд. Бо вуҷуди ҳазорҳо кадри омӯзгор боз ҳам масъулони маориф аз нарасидани кадрҳо шикоят мекунанд. Масалан, моҳи июли соли 2025 Вазорати маориф ва илм хабар дода буд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 3 ҳазору 848 омӯзгор намерасад.
Чанд моҳ пештар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм низ аз мавҷудияти 216,5 воҳиди кории холӣ, 340 омӯзгори ғайриихтисос ва тақрибан 700 донишҷӯе хабар дода буд, ки ҳамчун омӯзгор ба кор ҷалб шудаанд. Вале боз ҳам норасоии кадрҳо дар соҳаи маориф ба вузуҳ дида мешавад, ки ин ҳолат танҳо дар як соҳа аст. Дар дигар соҳаҳо, бахусус тиб низ ин мушкилӣ вуҷуд дорад.
Ба назари коршиносони соҳа, мушкил дар набудани кадрҳо ё ҳамаи ҷойҳои холӣ бояд аз ҳисоби хатмкардагони квота пур шаванд, нест. Аммо, ба гуфтаи онҳо, байни тайёр кардани кадр ва нигоҳ доштани он дар ҷойи зарурӣ мушкили сохторӣ вуҷуд дорад. Яке аз ин мушкилот ҳаҷми пасти маош аст, ки ба рӯзгори мутахассиси ҷавон намерасад.
Масъала танҳо дар маориф нест
Дар соҳаи тандурустӣ низ вазъ ба ҳамин монанд аст. Барномаи давлатии рушди муассисаҳои тиббӣ эътироф мекунад, ки Тоҷикистон ба норасоии кадрҳои баландихтисоси тиббӣ рӯ ба рӯ аст. Дар он аз норасоии тақрибан 4 ҳазору 400 табиби оилавӣ ва 4 ҳазору 900 ҳамшираи тиббии оилавӣ ёд шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар беш аз 30 шаҳру ноҳия норасоии баъзе мутахассисони тахассусӣ вуҷуд дорад.
Барномаи дигари давлатӣ низ қайд мекунад, ки дар минтақаҳое, ки таъминот бо табибон паст аст, шумораи довталабон ва донишҷӯёни тиббӣ низ камтар мебошад.
Ба назари таҳлилгарон, мушкил танҳо бо зиёд кардани шумораи донишҷӯён ҳал намешавад. Зеро барои нигоҳ доштани як табиби ҷавон ё омӯзгори ҷавон дар ноҳияи кӯҳистонӣ танҳо диплом кофӣ нест. Ба ӯ ҷойи кор, маоши муносиб, манзил, шароити иҷтимоӣ, инфрасохтор ва имкони рушди касбӣ лозим аст.
Агар давлат ҳазорон ҷавонро бо маблағи буҷет таҳсил диҳад, вале баъд аз хатм онҳоро дар муҳите гузорад, ки барои зиндагӣ ва рушди касбӣ ҷолиб нест, пас қисми зиёди мушкил боқӣ мемонад. Ва онҳо маҷбур мешаванд, ҳатто кишварро тарк кунанд ва ба ҷое раванд, ки шароити беҳтаре барояшон пешниҳод мешавад.
