5.9 C
Dushanbe

Маҳбусони тоҷик аз зиндони Доғистон фирор карданд

Шаш нафар зиндонӣ аз маҳбаси №2-и шаҳраки Шамхали Доғистон шаби 23 сентябр бо тариқи нақби кандаи худ фирор карданд. Дар ин бора ба ТАСС як манбаъ аз мақомоти амниятии Ҷумҳурии Доғистон хабар дод.

Манбаъ гуфтааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои боздошти шаш маҳбусе, ки шаби чоршанбе аз колонияи ислоҳии шаҳраки Шамхал гурехтаанд, чора андешида истодаанд. Ба гуфтаи ӯ, зиндониён нақбе кофта ва ба воситаи он гурехтаанд. Дар байни маҳбусони фирорӣ як зодаи Тоҷикистон, боқимонда зодагони Доғистон будаанд.

“Аз шаш нафар чор нафар барои ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, ду нафари барои куштор ба мӯҳлатҳои дароз маҳкум шуда буданд”, – қайд кардааст манбаъ.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати корҳои дохилии Доғистон ба ТАСС хабар дод, нишонаҳои фирориён ба ҳамаи шӯъбаҳои минтақавии ВКД фиристода шуда, тамоми қувваҳо барои ёфтани онҳо равона карда шудааст. “Ҳоло ҷустуҷӯи фирориён вазифаи аввалиндараҷаи ВКД аст” – гуфтааст сухангӯи хадамоти матбуоти ВКД ба ТАСС. Ба гуфтаи сардори Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Ҷумҳурии Доғистон Андрей Поляков далелҳои фирор шоми сешанбе ошкор шудааст.

Ба навиштаи ТАСС, кормандони зиндон ҳангоми гардиш дар рахи назоратӣ нақб пайдо кардаанд. Баъд аз пайдо шудани нақб, дарҳол ҳисоби маҳбусон гузаронида шуд ва маълум гардид, ки шаш маҳкумшуда дар зиндон намерасад. Дар натиҷа бонги хатар зада шуд ва ҳайати шахсии отряди муттаҳидшудаи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Русия дар Ҷумҳурии Доғистон баланд бардошта шуда, постҳои муваққатии ҷустуҷӯӣ ташкил карда шудааст. Барои ҷустуҷӯи фирориён, гурӯҳҳои эҳтиётӣ ва таъқиботӣ фиристода шуданд.

Бино ба иттилои Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо (УФСИН)-и ҷумҳурии Доғистони Русия ҳувияти ин 6 зиндонии фирорӣ маълум ва эълон гардидааст. Гуфта мешавад ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд. Аз онҳо Шомил Бойматови 29-сола аз ноҳияи Ёвон ва Маҳмадрасул Машрабов аз Душанбе ном бурда мешавад.

Бино ба гуфтаи Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазои Доғистон ин ду зиндонии тоҷик як сол пеш бо ҷурми нигоҳдории маводи мухаддир Бойматов ба 12 сол ва Машрабов ба 8 соли зиндон маҳкум шудаанд, барои адои ҷазо ба ин маҳбас овардаанд. Вале баъзе расонаҳои русӣ хабар додаанд, ки аз ин фирориён як нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон будааст.

Дар видиое, ки идораи зиндонҳои Доғистон нашр кард, дида мешавад нақбе, ки зиндониён фирор кардаанд, хеле кушоду «барҳаво» аст.

Номҳои 6 маҳбуси фироркарда:

1. Шомил Бойматов Тоҷикистон, бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 12 соли зиндон маҳкум шудаааст.

2. Маҳмадрасул Машрабов Тоҷикистон бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 8 соли зиндон маҳкум шудаааст.

3. Рашид Аминов Доғистон, бо ҷурми куштор ва дуздии силоҳ соли 2017  ба 14 соли зиндон маҳкум шудаааст.

4. Нажмудин Ахмеднабиев сокини деҳаи Дзержинский, ноҳияи Хасавюрт, бо ҷурми одамкушӣ ва қасди одамкушӣ ба 15 соли зиндон маҳкум шудаааст.

5. Магомед Абдулқодиров, сокини 21-солаи бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 12 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шудаааст.

6. Магди Мириев, деҳаи Шаумяни ноҳияи Қизляр бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир ба 9 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шудаааст.  

Гуфта мешавад, дар  робита ба ин ҳодиса  нисбати кормандони маҳбаси №2 парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми хунукназарӣ кушодаанд, ҳамчунин як  парвандаи дигар нисбати фирори гурӯҳии маҳбусон  оғоз гардидааст, навиштааст, Раёсати Хадамоти федералии иҷрои ҷазо.

Тибқи оморҳои тастиқгардида дар зиндонҳои Руссия зиёда аз  7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд ва беш аз 1200 зодаи дигари Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳо қарор доранд, ки тақрибан бештари онҳо бо ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир ба зиндон равона гардидаанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...

Омили террори генерали рус аз муҳоҷирони Осиёи Марказӣ будааст

Мақомоти Русия аз боздошти як шаҳрванди узбекистонӣ хабар доданд, ки дар террори генерли 54-солаи рус гумонбар мешавад.

Набераи раисҷумҳури Тоҷикистон дар 9-солагӣ аз Дубай хона харид. Бо кадом маблағ?

Набераи 9-солаи Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи соҳилибаҳрии Дубай як хонаи сеҳуҷрагӣ харидааст, ки арзиши он 1,3 миллион доллар аст.