Лукашенко бо ҳузури кам ва бе даъвати раисҷумҳурон маросими қасамёдкунияшро барпо кард

Акс: Газета.ру

Александр Лукашенко рӯзи 23-юми сентябр бо вуҷуди ин ҳама эътирозҳо ва интиқоди давлатҳои аврупоӣ, бори шашум ҳамчун президенти Белорус қасам ёд кард. Дар ин бора хабаргузории расмии “БелТа” хабар дод.

Ба навиштаи ин хабаргузорӣ қасамёдкунӣ дар Қасри Истиқлолият бо иштироки 700 корманди ҳукуматӣ баргузор гардидааст.

Маросими қасамёдкунии Лукашенко мавриди интиқоди мухолифин қарор гирифт. Мухолифин аз Лукашенко талаб доранд, ки ба истеъфо равад ва дар кишвар интихоботи наву озод ва одилона барпо шавад.

Аз ҷумла Светлана Тихановская, номзади мухолифин гуфт, ҳеч гоҳ ин пирӯзии тақаллубшударо эътироф намекунад ва аз мардум хост онро напазиранд. Расонаҳо аз он хабар медиҳанд, ки баъзе давлаҳо қасами Александр Лукашенкоро напазируфтаанд.

Дар интихоботи рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ Александр Лукашенко бо гирифтани 80 % овозҳо барандаи Интихобот эълон шуд. Ягона номзади мухолифин Светлана Тихановская натавонист президенти ин кишвар шавад. Тихановская натиҷаи интихоботро қабул надорад, баъди эълони натиҷаҳои интихобот ӯ ба КМИР шикоят бурд ва 7 соат нопадид шуд. Рӯзе баъд маълум гардид, ки Тихановская дар кишвари Литва паноҳ бурдааст.  

Баъд аз як рӯзи эълони натиҷаҳои интихобот дар Белорус мардуми зиёде ба кучаҳо рехтанду даст ба тазоҳурот заданд, ки ин эътирозҳо то ҳол идома доранд. Тазоҳургарон ба натиҷаҳои расмии овоздиҳӣ розӣ нестанд ва талаб доранд то Лукашенко аз сари қудрат биравад ва интихобот аз нав баргузор гардад. Дар ин муддат ҳазорҳо нафар боздошт гардида, тибқи хабарҳои расмӣ 2 нафар кушта шудааст. Аммо мухолифин мегуянд, кушта шудаҳо бештар аз онест, ки дар хабарҳои расмӣ гуфта мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Музокироти ғайримустақими Эрону Амрико ба марҳилаи ниҳоӣ мерасад

Музокироти ғайримустақими Эрону Амрико, ки пас аз даргирии ҷонибҳо дигарбора оғоз шудааст, ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад.

Дар Русия муҳоҷирон маҷбуранд дар барномаи “Амина” худро сабтином кунанд

Русия истифодаи замимаи мобилии "Амина"-ро барои доираи бештари шаҳрвандони хориҷӣ ҳатмӣ мекунад.

Шикояти як зан аз бадрафторӣ ва латукӯб дар маркази визадиҳии Туркия

Як зани тоҷик иддао мекунад, дар маркази визадиҳии Туркия дар Душанбе аз ҷониби чанд корманди он мавриди бадрафторӣ ва латукӯб қарор гирифтааст.

Додгоҳи Австрия истирдоди Шавкати Муҳаммад ва ду узви хонаводаашро ба Тоҷикистон рад кард

Додгоҳи Венаи Австрия дархости Тоҷикистонро барои истирдоди Шавкати Муҳаммад ва модару бародараш рад кард.