Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон “Бунёди Бузургмеҳр Ёров” таъсис ёфтааст.

Акс: Фейбук

Дар ин бора бародари Бузургмеҳр Ёров, Ҷамшед Ёров дар саҳифаи фейсбукаш хабар дод.

Гуфта мешавад, ки самтҳои фаъолияти ин бунёд бештар ба ҳимояи ҳуқуқи зиндониёни сиёсии Тоҷикистон равона шуда, инчунин онҳоеро, ки ҳуқуқҳояшон ҳангоми мурофаҳои додгоҳӣ аз тарафи мақомоти судӣ поймол мешавад, пуштибонӣ мекунад.

Дӯстони азиз, ба маълумоти шумо мерасонем, ки БУНЁДИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ оғози фаъолияташро эълон менамояд.Бунёд ба…

Gepostet von Buzurgmehr Yorov Foundation am Sonntag, 27. September 2020

Дӯстони азиз, ба маълумоти шумо мерасонем, ки БУНЁДИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ оғози фаъолияташро эълон менамояд.

Бунёд ба ифтихори маҳбуси сиёсии тоҷик, фаъоли ҳуқуқи башар ва ҳуқуқшинос, барандаи ҷоизаи Файзинисо Воҳидова-2019, ҷоизаи Homo Homini -2019 ва барандаи дипломи ҷоизаи Вацлав Ҳавел-2019 Бузургмеҳр Ёров таъсис ёфтааст.

Бунёд ба принсипҳои волоияти қонун, адолат ва баробарӣ содиқ буда, фаъолияташро дар самтҳои зерин анҷом хоҳад дод:

– Таҳлил ва баёни сабабҳои аслии боздошт ва зиндонӣ шудани маҳбуси сиёсии тоҷик Бузургмеҳр Ёров ва мусоидат намудан барои ҳар чӣ тезтар озодшавии ӯ;

– фарогирии парвандаҳо ва ҳимояи ҳамаи маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон, инчунин ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои аъзои оилаи онҳо.

– Мониторинги вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон

– дастгирии ҳуқуқӣ ва моддӣ ба шахсоне, ки дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ зарар дидаанд;

– мусоидат барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолии Тоҷикистон

– Мубориза бо шиканҷа ва саҳмгузорӣ дар ислоҳоти низоми иҷрои ҷазо дар Тоҷикистон ва ғайра.

БУНЁДИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ аз тарафи наздикону дӯстони маҳбусони сиёсии тоҷик, инчунин намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо таъсис дода шудааст.

БУНЁДИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ ташкилоти сиёсӣ нест. Мо бо ягон ташкилоти ҷамъиятӣ, ки ягон ҳадафи сиёсиро пеш мегирад, вобаста нестем.

Мо барои ҳамкории судманд ва мутақобила бо ташкилотҳо, муассисаҳо ва шахсони ҳуқуқи башар, ки ҳадафҳои Бунёди моро муштараканд, бозем.

Раёсати ФОНДИ БУЗУРГМЕҲР ЁРОВ

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Тамдиди мораторияи санҷиши соҳибкорон то соли 2029

Эмомалӣ Раҳмон дастур додааст, ки санҷиши фаъолияти соҳибкорони хурду миёна то 1-уми январи соли 2029 маҳдуд карда шавад.

Трамп: Ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, мегӯяд, ҷанг бо Эрон ба зудӣ поён меёбад, аммо муҳлати мушаххасеро эълон накард.

Тоҷикистон ҳамлаҳои ҳусиҳо ба Арабистони Саудиро маҳкум кард

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот рӯзи 14-уми сентябр ҳамлаҳои ҳусиҳо ба зерсохторҳои Арабистони Саудиро маҳкум кард.

Идомаи таъқибу фишори Муҳаммад Султон пас аз озод шуданаш аз зиндон

Рӯзноманигори собиқи тоҷик ва полковники мустаъфӣ Мамадсултон Мавлоназаров, аз идомаи таъқибу фишор пас аз озод шуданаш аз зиндон хабар дод.