Фиреб хӯрдани шаҳрвандон аз ҷониби кормандони консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирск

Акс: mfa.tj

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳри Новосибирски Русия аз Имумиддин Сатторов сафири Тоҷикистон дар Русия  дархости кумак кардааст. Дар ин бора сомонаи “Ахбор” иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи шаҳрванд, ҳафтаи гузашта аз консулгарии Тоҷикистон дар Новосибирск барои 4 нафар (ду зан, ду ноболиғ) билети ҳавопаймо тариқи хатсайри чартерӣ бо маблағи 36 ҳазору 600 рублӣ, дар маҷмӯъ 146 ҳазору 400 рубл, ё қариб 2 ҳазор доллар харидорӣ кардаанд.

Акс: kprfnsk.ru

Аз консулгарӣ барояш гуфтаанд, рӯзи 25 сентябр ду соат пеш аз оғози парвоз ба фурудгоҳ ҳозир шаванд, мусофирон соати 3-и субҳи рӯзи муайяншуда ба фурудгоҳ рафтаанд, вале бо вуҷуди пештар аз вақт расидан ҳам аллакай дер кардаанд, ҳавопаймо рӯзи 24 соати 10 шаб парвоз кардааст. Вақте ба чанд ҷо муроҷиат карданд, ба додашон касе расидагӣ накардааст.

Шаҳрванди Тоҷикистон дар идома гуфтааст, ки вақте ба консулгарӣ муоҷиат кардем, гуфтанд, ба ширкати “Сомон Эйр” шикоят кунед. Ба гуфтаи ин шаҳрванд мисли онҳо чандин нафари дигар низ айни ҳодиса ба сарашон омадааст. Аз ин рӯ, онҳо аз сафири Тоҷикистон дар Русия, Имомуддин Сатторов дорхост доранд, ки ба қазияашон расидагӣ намояд.

Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони Тоҷикистон бо “тавися”-и намояндагони сафорати Тоҷикистон ба чунин ҳолат рӯ ба рӯ мешаванд. Чанде қабл нафареро боздошт карда буданд, ки худро корманди сафорати Тоҷикистон дар Русия муаррифӣ карда, билетҳои қалбакӣ ба шаҳрвандон мефурӯхт, вале баъдан маълум гардид, ки дар сафорат танҳо миёнарав будааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

“Турки босмачӣ” ва.. “тоҷики сурх”?

Баъди ҳабси як блогери муҷоҳидситези узбек, баҳси босмачиҳо дар...

Қонун барои ҳама: Дар Суғд мардон низ аз ҳаққи гирифтани алимент истифода мекунанд

Дар вилояти Суғд на танҳо занон, балки мардон ҳам аз ҳамсарони собиқи худ барои нигоҳубини фарзандон алимент мегиранд.

Содир Ҷабборов мехост курсии президентиро ба Тошиев вогузорад, аммо…

Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон гуфта, ки омода буд дар интихоботи президентии соли 2027 номзад нашавад ва аз номзадии "дӯсташ" Қамчибек Тошиев ҳимоят кунад.

Талафоти нерӯи барқ дар вилояти Хатлон аз 20% бештар шудааст. Мушкил дар куҷост?

Давоми ҳафт моҳи соли ҷорӣ талафоти нерӯи барқ дар бархе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз 20 дарсад ҳам бештар шудааст.