18.9 C
Dushanbe

Ҳукумат тарҳи наверо барои рушди маориф пешниҳод кард

Ҳукумати Тоҷикистон ба парлумони кишвар тарҳи нави низоми маорифро барои баррасӣ пешниҳод кардааст.

Гуфта мешавад, дар сурати қабул гардидани ин тарҳ аз ин пас мудирони маорифи шаҳру ноҳояҳро на раисони шаҳру ноҳия, балки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин ва озод мекунад, вале ба назари коршиносон бо ин кор намешавад системаи маорифро беҳбуд бахшид.

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон аз пешниҳод гардидани ин тарҳ хушнудӣ намудаанд ва гуфтаанд, ки агар чунин тарҳ амалӣ гардад, соҳа рушд хоҳад кард. Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки айни ҳол соҳаи маорифи кишвар яке аз соҳаҳои фасодзадатарин дар кишвар ба ҳисоб меравад, ва қабули ин қонун метавонад барои боз фасодзадатаршудани ин ниҳод замину бигӯзорад.

Як коршинос, ки нахост номаш бурда шавад, ба “Аздо тв” гуфт:

“ҳоло дар кишвар қабули чунин қонун ба манфиати кор нест, ҳама вазъияти кунинии ин соҳаро хуб медонем, ки дар чӣ вазъияте қарор дорад, замоне, ки аз хонандагон пул мегиранд, оё имкон дорад, ки аз нафароне, ки вазифа медиҳанд пул нагиранд”.

Айни ҳол соҳаи маориф дар Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ноҳияҳо маблаӯгузорӣ мешавад ва аз соли 2012 ин тараф таъйину барканории масъулони сохторҳои маҳаллии Вазорати маориф дар ихтиёри раҳбарони шаҳру навоҳӣ гузошта шудааст. То соли 2012 таъйини мудирони маориф аз ҷониби Вазорати маориф амалӣ мегардид, баъди тағйиру иловаҳо ба қонун аз ин ниҳод гирифта шуда бар зиммаи раисони ноҳияҳо вогузор гардид.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шаҳрванди Тоҷикистон дар Лондон муттаҳам ба озори ҷинсӣ шуд

Додгоҳе дар шаҳри Лондони Британия як шаҳрванди Тоҷикистонро барои озори ҷинсии духтари 13-сола гунаҳкор донист.

Тоҷикистон дар як ҳафта 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия ворид кардааст

Тоҷикистон дар давоми 5 рӯз 19 тонна гӯшти мурғ аз Русия вориди бозори худ кардааст.

Вазири Толибон донишҷӯи узбекро барои кӯлоҳи суннатияш зад

Як донишҷӯи узбектабори Афғонистон иддао карда, ки ӯро вазири таҳсилоти олии ҳукумати Толибон ба хотири доштани тоқӣ ба рӯяш шаппотӣ задааст.

Ҳуҷуми шадиди Исроил ба Лубнон. Исроил Лубнонро ҷузъи оташбас намедонад

Пас аз эълони тавофуқи оташбас байни Эрон ва Амрико Исроил ҳамлаҳои худро ба чандин минтақаи Лубнон шиддат бахшидааст.