0.9 C
Dushanbe

Дар озмуни тарҳи умумимиллии 13,5 млн доллара “Фароз” ғолиб баромадааст

Радиои Озодӣ дар як таҳқиқи худ муайян кард, ки маблағи 136 миллион сомонӣ (зиёда аз 13,5 миллион доллар)-е, ки Ҳукумати Тоҷикистон аз буҷаи кишвар барои бознашри китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ҷудо карда буд, ба “Нашриёти муосир” мутаалиқ ба “Фароз” – ширкати Шамсулло Соҳибов, домоди Эмомалӣ Раҳмон ихтисос ёфтааст.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи декабри соли 2019 дар паёмаш ба порлумон дастур дод, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров аз нав нашр шуда, як нусхаӣ ба ҳар хонавода дар Тоҷикистон бепул дода шавад.

Ба хотири нашри ин китоб Оҷонсии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврали 2020 озмун ва ё тендери кушода эълон карда буд. Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фармоишгари тарҳ эълон ва барои иҷрои тарҳ аз буҷаи давлат 136 миллион сомонӣ пул ҷудо карда буд, – навиштааст, Озодӣ.

Озодӣ дар ин таҳқиқи худ менависад:

“Табъан фикре пеш меояд, ки чунин иқдоми умумимиллӣ ва марбут ба номи сардори давлат поку озода анҷом дода хоҳад шуд, вале як кандукови Радиои Озодӣ нишон дод, ки он ба “супориши адреснок” барои ба ширкати муайян тақдим кардани даромади осоне баробар бо зиёда аз 13,5 миллион доллар табдил ёфтааст”.

Гуфта мешавад, бо вуҷуди арзон будани арзиши чопи китоб дар дигар чопхонаҳо, ки дар озмун ширкат карда буданд, аз ҷумла пешниҳоди “Эр-Граф”, боз ҳам “Нашриёти муосир”-и ширкати “Фароз” дар озмун ғолиб интихоб шуд.

Дар гузориш қайд шуда, ки нашри як нусхаи китоб бино бар пешниҳоди “Нашриёти муосир” 83 сомониву 30 дирам ва “Эр-Граф” 2 сомониву 81 дирам арзиш доранд. Пешниҳоди аз ҳама арзони чопи “Тоҷикон” тавре ба назар мерасад аз “Эр-граф” аст.

“Ҳадаф аз ташкили озмун барои иҷрои ин ва ё он кор ҳам ин аст, ки ширкатҳо дар рақобати солим нархи аз ҳама арзонтар бо сифати хубтарро пешкаш кунанд. Нозирони Оҷонсӣ бояд бо назардошти сарфаи пулҳои буҷа пешниҳоди нисбатан арзон бо сифати хубро интихоб ва он ширкатро ғолиби озмун интихоб кунанд. Яъне, агар ин меъёрҳо ба кор бурда мешуд, буҷаи давлати Тоҷикистон 128 миллиону 780 ҳазор сомонӣ сарфа мекард, ки ин пулҳо метавонистанд, ба кори дигаре равона карда шаванд”, – наиштааст, Озодӣ.

Дар ин таҳқиқ суоле матраҳ шудааст, ки чаро дар тендер нархи арзон интихоб нашуд? “Эр-Граф” аз ҳама арзон буд ва сифати баланд ҳам дорад, ҳатто дар озмунҳои байнулмилалӣ ҷоизаҳо гирифтааст, вале бо вуҷуди ин тарҳ ба ширкате дода шуд, ки даҳҳо маротиба аз “Эр-Граф” гаронтар аст.

Бино ба маълумотҳои интишоргардида, дар санадҳое, ки “Нашриёти муосир” пешниҳод кардааст, суроғаи нашриёт ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Обходная 3, зикр шудааст. Номи пурраи ин кӯча қаблан Южно Обходная буд ва соли 2016 бо қарори шаҳрдорӣ  ба Зарнисор иваз кард.

Дар айни ҳамин суроға ширкати “Ганҷ нашриёт” ҷойгир буд, ки мувофиқи асноди Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқӣ аз они ширкати “Фароз” будааст.

“Фароз” ширкати бисёрсоҳаест, ки мувофиқи санадҳо ба Шамсулло Соҳибов, домоди Президент Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ дорад. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз дар нишасти хабарии моҳи июл дар Душанбе гуфт, “Фароз” дигар нест, ширкат аз моҳи апрел барҳам хӯрдааст”, вале фаъолиятҳои бисёрсоҳаи ин ширкат мисли пештар аз ҳар гушаву канори кишвар расонаӣ мешавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Номаи шикоятии гурӯҳе аз фаъолони тоҷик ба ВКХ-и Олмон аз фаъолияти Имомуддин Сатторов

Фаъолиятҳои сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов фаъолони ҷомеаи тоҷики хориҷ аз кишварро нигарон кардааст.

Марги 1623 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар дар соли 2025

Тибқи иттилои расӣ, дар соли 2025 танҳо тариқи фурудгоҳҳо ҷасади 1623 шаҳрнвад ба Тоҷикистон оварда шудааст.

То соли 2030 сифати интернет дар Тоҷикистон беҳтар мешавад

Ба иттилои мақомоти дахлдори Тоҷикистон, бо қабули стратегияи нав сифати интернет дар Тоҷикистон то соли 2030 беҳтар мешавад.

Бо вуҷуди эълони коҳиши нарх, мусофирон аз гаронии билетҳо шикоят доранд

Бинобар иттилои Ожонсии ҳавонавардии Тоҷикистон, дар соли 2025 нархи билетҳои ҳавопаймоӣ ба хориҷи кишвар 25–30 дарсад поён рафтааст.