Писари Тоҳир Юлдошев дар Афғонистон кушта шуд

Дар акс Азиз Юлдошев: аз Вазорати мудофиаи Афғонистон 

Вазорати дифои Афғонистон имрӯз 12 октябр аз кушта шудани Азиз Юлдошев (писари Тоҳир Юлдошев), раҳбари шӯришиёни Ҳаракати исломии Узбакистон хабар дод.

Дар хабари Вазорати дифои Афғонистон омада, ки Азиз Юлдошев дар як амалиёти нерӯҳои дифоъ ва амният дар минтақаи Кутали бабр дар деҳаи Ҳоҷӣ Саидгули ноҳияи Ғурмочи вилояти Форёб кушта шуд. Ва дар ин амалиёт писари ӯ бо номи Ҳикмат захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи Вазорати дифои Афғонистон Азиз Юлдошев дар ноамнӣ, фаъолиятҳои террористӣ ва куштори сокинони осоишта дар вилоятҳои шимолии Афғонистон, ба хусус дар Форёб “нақши барҷаста” доштааст.

Бино ба навиштаи ВВС – форсӣ, Ҳаниф Ризоӣ, сухангӯи сипоҳи 209-и Шоҳини артиши Афғонистон, дар як наворе, ки ба ВАО фиристода буд гуфт, ки Азиз Юлдош, раҳбари Ҳаракати исломии Узбекистон ва як нафари дигар, ки писараш гуфта мешавад, шаби гузашта дар як “амалиёти ҳадафнок” дар ноҳияи Ғурмоч дар вилояти Форёб кушта шуданд.

Ризоӣ мегӯяд, Азиз Юлдошев ҳампаймони Гурӯҳи Толибон буд ва алайҳи нерӯҳои амниятии Афғонистон дар вилоятҳои Ҷузҷон, Форёб ва Сари Пул мубориза мебурд.

ВВС навишта, ки манобеи мустақил то ҳол ин хабарро таъйид накардаанд. Падари Азиз Тоҳир Юлдошев дар соли 2009 дар манотиқи қабиланишини Покистон кушта шуда буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.