15.9 C
Dushanbe

ДАР РУСИЯ ҶОИ КОР ЗИЁД ШУДААСТ, АММО КОРГАР НЕСТ

Сурат: ITAR-TASS

Бино ба иттилои “Спутник” муовини сарвазири Русия, Марат Ҳасан Алин гуфтааст, ки ба сабаби хуруҷи вируси корона ва баста гардидани марзҳо сафари муҳоҷирони корӣ ба ин кишвар кам гашт ва бахши сохтмони ин кишвар ба як мушкилии ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардидааст.

Ба гуфтаи муовини сарвазир, ҳукумат ҳоло дар фикри ҳалли буҳрон аст ва нақша дорад, ки муҳоҷирони бахши сохтмонро иҷозаи вуруд диҳад.

Чанде пеш низ шаҳрдори Маскав аз камбудии муҳоҷирон ва холӣ будани ҷойҳои корӣ гуфта буд.

Тибқи маълумоти тасдиқ нагардида зиёда 2 миллион муҳоҷири кории тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, ки аз се ду ҳиссаи онҳо дар бахши сохтмон кор мекунанд. Ва имсол бо ин вазъияти ба амаломада қисме аз муҳоҷироне, ки дар сохтмонҳои Русия кор мекарданд, ба ватанҳои худ баргаштанд, вале бо баста будани марзҳои дигар ба ҷои кории худ ҳозир шуда натавонистанд.

Ин омил боис гардида, ки Русия ба нерӯи корӣ дар сохтмонҳо ниёз пайдо кардааст.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вуруд ба Русия — танҳо бо суғурта!

Вакили рус пешниҳод карда, ки барои муҳоҷирони корӣ ҳангоми ворид шудан ба Русия доштани суғуртаи ихтиёрии тиббӣ (ДМС) ҳатмӣ карда шавад.

Сармоягузориҳои ҳангуфти бонкҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон

Қарор аст Бонки рушди осиёӣ ва Бонки рушди исломӣ боз садҳо миллион доллар дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд.

Эрон раҳбари нави худро муаррифӣ кард. Ӯ кист?

Маҷлиси хубрагони раҳбарии Ҷумҳурии исломии Эрон шоми рӯзи якшанбе, 8-уми марти соли ҷорӣ раҳбари кулли Эронро интихоб кард.

Тасвиби созишномае, ки кори муҳоҷирони тоҷикро осон мекунад

Муҳоҷирони тоҷик метавонанд дар дохили Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии тиббиро пеш аз сафар ба Русия дарёфт кунанд.