Оғози фаъолияти вебсайти хабарии нав дар Тоҷикистон

Вебсайти нави иттилоотӣ-таҳлилӣ бо номи “nuqta.tj” дар Тоҷикистон ба кор шуруъ кардааст.

Гуфта мешавад, ин вайбсайт таҳлилӣ буда, мақсадаш фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои рӯзноманигорони тоҷик гуфта шудааст, ки дар натиҷаи интишори бемории коронавирус бештраи хабаргузориҳо фаъолияти худро қатъ кардаанд, ё аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон баста гардиданд.

Ин вебсайт аз ҷониби Набӣ Юсупов бо маблағгузории Инситути ҷомеаи боз ва Бунёди мадад ба фаъолият оғоз кардааст.

Муассиси ин вейбсайт дар суҳбат ба Радоио Озодӣ гуфтааст: Расонаҳои зиёде маҷбур шуданд, фаъолияти худро қатъ кунанд ё муваққатан кори худро боздоранд. Мисол ҳафтаномаҳои “Чархи гардун”, “Дайджест пресс”, холдинги “Муҳаббат ва оила” ва дигарон. Чандин рӯзноманигор бекор монд.

“Дар ҳамон вақт ба ман ҳам якчанд кас муроҷиат кард, ки мо мақола менависем, вале ҷойи нашр нест. Расонаҳо ё корашонро боздоштанд ё маблағи кам медиҳанд. Ҳамаи инро фикр карда, тасмим гирифтам, лоиҳае навишта, ба созмонҳои байналмиллалӣ пешниҳод кунам. Агар дастгирӣ кунанд, ҳаминро пеш барам. Охир вақтҳо дидам, ки рӯзноманигорони таҳлилгар ё коршиносоне, ки пеш фаъол буданд, корашон суст шуд”, мегӯяд муассиси ин вебсайти хабарӣ.

Дар идома мегӯяд,

“Мо корро тоза шуруъ кардем, лекин сад фоиз гуфта наметавонам, ки корамон муваффақ мешавад. Ҳаракат мекунам, ки як командаи мустаҳкам ёбам, дастае, ки метавонанд ва кор кардан мехоҳанд.”

Фаъол гаштани вебсайти нав дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи чанд соли охир бо сабаби фишори мақомоти Тоҷикисон чандин расонаҳои иттилотӣ ва ҳафтаномаҳо аз ҷумла “Тоҷниюс”,  “Нигоҳ”, “Озодагон” ва чанд рӯз пештар “Ахбор” фаъолияти худро қатъ карданд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Шиддати гармо Аврупо: Олмон ва Фаронса ба сокинон ҳушдор доданд

Кишварҳои Аврупо рӯзҳои охир бо яке аз шадидтарин мавҷҳои гармо дар солҳои охир рӯбарӯ шудаанд.

Боздошти зодаи Тоҷикистон дар Амрико

Мақомоти муҳоҷирати Иёлоти Муттаҳида як ҷавони 28-солаи тоҷикро бо гумони будубоши ғайриқонунӣ дар ин кишвар боздошт кардаанд.

Пас аз шаш сол: ҳаракати қатори Душанбе–Маскав дубора оғоз шуд

Пас аз шаш соли таваққуф, ҳаракати қатори мусофирбари Душанбе–Москва дубора барқарор гардид. Аввалин қатор рӯзи 21-уми июн ба роҳ баромад.

Шиканҷа дар Тоҷикистон – дарди бедавои ҳукумат

Чанд рӯз қабл аз фаро расидани Рӯзи байналмилалии ҳимоят...