8.9 C
Dushanbe

Ҳаҷми нишондиҳандаҳо соли оянда афзоиш меёбанд

Рӯзи 18 ноябр соли равон палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021-ро тасдиқ намуд, ки дар он гуфта мешавад нишондодҳои соли оянда аз 58 ба 60 сомонӣ афзоиш меёбад.

Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва муҷозоти ҷаримавӣ, инчунин барои ҳисоб кардани ин ё он бузургии арзиши ҳадди ниҳоӣ (поёнӣ ё болоӣ), кӯмакпулиҳо ва иловапулиҳои иҷтимоӣ мутобиқи қонунгузории кишвар татбиқ карда мешавад.

Аз 1 июли соли 2008 як нишондиҳанда барои ҳисоб ибораҳое чун “ҳаҷми минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималӣ (ҳадди ақал)”, “ ҳаҷми моҳонаи минималии музди меҳнат”, “музди меҳнати минималии моҳона”-ро барои пардохти андозу боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ва ҷаримаҳо иваз намуд.

Тавре таҷрибаи 6 соли ахир нишон медиҳад, ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб дар 2 сол 1 бор тағйир дода мешавад.

Ба ин тариқ, солҳои 2015-2016 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисоб 40 сомонӣ, солҳои 2017-2018 – 50 сомонӣ ва 2018-2019 – 58 сомониро ташкил дода буд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд

Дар соли 2025 наздики 600 донишҷӯи тоҷик аз донишгоҳҳои Русия ихроҷ шудаанд.

Боз даргирии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, шоми дирӯз байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон даргирии мусаллаҳона сурат гирифт.

Ваъдаи навбати мақомдорони тоҷик дар бораи лимити барқ

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки агар боридану барфу борон зиёд шавад, лимити барқ камтар мешавад.

3500 тоҷик дар рӯйхати сурхи Интерпол. Оё ҳамаи онҳо ҷинояткоранд?

Мақомоти Тоҷикистон механизмҳои Интерполро асосан барои ҷустуҷӯи мухолифони сиёсӣ ва шаҳрвандони мусалмонаш истифода мебарад, ки ба гурӯҳҳои террористӣ иртибот надоранд.