Гранти нав ба Тоҷикистон. Пулҳо дар куҷо масраф мешаванд?

Сурат: pt.slideshare.net

Тоҷикистон барои амалисозии Лоиҳаи беҳбуди хизматрасонии тиббӣ 12 млн доллар гранти иловагӣ аз Бонки байналмилалии Таҷдид ва Рушд маблағ мегирад.

Бино ба иттилои “Азия-Плюс”, созишнома дар бораи пешниҳоди гранти иловагӣ аз ҷониби вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ Ян-Петер Олтерс ба имзо расидааст.

Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар додааст, ки маблағи иловагии пешниҳодгардида барои Лоиҳаи беҳбуди хизматрасонии тиббӣ 12,0 млн доллари амрикоӣ мебошад, ки 10,0 млн доллари он аз ҳисоби гранти Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд ва 2,0 млн доллари дигар аз ҳисоби гранти Фонди эътимодии бисёрҷониба барои ҳамгироии барномаи тандурустии маблағгузории беруна (GAVI) ҷудо карда мешавад.

Гуфта мешавад, ки “Ҳадафи амалисозии Лоиҳа ин мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои фарогири Лоиҳа мебошад”.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки маблағгузории дуввуми иловагӣ барои нигоҳдории 37 муассисаи тиббии сохташуда, таъмир намудани муассисаҳои шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои нави таҷрибавӣ, харидории таҷҳизоти тиббӣ барои муассисахо, таъмири зиёда аз 100 маркази саломатии деҳот, пешбинӣ гардидааст.

Маблағи умумии Лоиха 45,0 млн доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва қисми асосии он ба инфрасохтори тиббӣ ва ҳалли мушкилоти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ равона гардидааст.

Ин лоиҳа аз соли 2014 оғоз гардида то соли 2022 идома меёбад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Wildberries, қарзи бонк ва тоҷики ҳалолкор

Зарбаҳои Укроин ба амборҳои бузургтарин бозоргоҳи (маркетплейс) Русия идома...

Дороиҳои миллиардии як зодаи Тоҷикистон

Фарзандони вакили Думаи давлатии Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия” ва зодаи Тоҷикистон Раҳим Азимов соҳиби амволи гаронарзише мебошанд, ки арзиши умумии онҳо тақрибан ба 2 миллиард рубл мерасад. 

Бедарак шудани се духтари афғон дар Варшава

Дар шаҳри Варшаваи Лаҳистон (Полша) се хоҳар, ки узви як хонавода ва зодаи Афғонистон ҳастанд, як ҳафта боз нопадид шудаанд. 

Муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия 18% коҳиш ёфта аст

Дар шаш моҳи аввали соли 2026 шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия сафар кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 дарсад кам шудааст.