2.9 C
Dushanbe

Баъд аз эълони гирдиҳамоӣ Маҳмурод Одинаев 3 рӯз боз нопадид аст

Тӯли се рӯз мешавад, ки аз Маҳмурод Одинаев муовини раиси ҲСДТ дараке нест. Дар ин бора наздикони ӯ ба Радиои Озодӣ хабар додаанд. Ба гуфтаи пайвандони ӯ дар куҷо қарор доштани Маҳмурод Одинаевро намедонанд.

Дар баробари нопадид шудани муовини раиси ҲСДТ, рӯзҳои ахир мақомот чанде аз пайвандони ӯро ба Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Ҳисор даъват намуда, бозпурсӣ кардаанд. Бархеро пас аз бозпурсӣ раҳо намуда, вале бархеи дигар ҳанӯз дар боздоштанд.

Маҳмурод Одинаев чанд рӯз пеш дар саҳифаи Фейсбукии худ аз Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хост, ки ба ҳамоиши эътирозӣ дар назди Қасри президент иҷозат диҳад. Ба изҳороти Одинаев аз ҷониби мақомот расман вокунише нашудааст, вале аз сӯйи, зоҳиран тролҳои ҷонибдори ҳукумат ҳадафи ҳуҷуми лафзӣ қарор гирифт.

Яке аз масъулони ҲСДТ дар суҳбат бо “Аздо тв” гуфт, ки гӯё мақомот алайҳи Маҳмурод Одинаев парвандаи ҷиноӣ боз карда ва дар пайи боздошти ӯ ҳастанд вале маълум нест, ки Одинаев феълан дар боздошт аст ё дар ҷои дигар.

Хабарнигорони “Аздо тв” талош карданд то бо худи Одинаев тамос гиранд, аммо шумораи гӯшияш хомӯш аст, ҳарчанд фейсбукаш онлайн аст ва паёмҳояш хонда мешаванд, вале ба зангҳову паёмҳои фейсбукӣ посух намедиҳад.

Маъмулан, мақомоти интизомӣ баъд аз боздошти фаъолони шаҳрвандӣ телефонҳои онҳоро мусодира карда,равшан мегузоранд, то бубинанд киҳо бо фарди боздоштшуда дар тамосанд.

Дар суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ, раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров гуфтааст, ки ҳанӯз аз сарнавишти Маҳмурод Одинаев хабар надорад ва ангезаи бозпурсии наздикони ӯ маълум нест. Зойиров гуфтааст, ки талош кардааст, то маълум кунад, ки чӣ ҳодиса рӯй додааст, аммо муваффақ нашуд ва маълумоти дақиқе дар ин бора дастрас накардааст.

Шокирҷон Ҳакимов муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бори ахир Маҳмурод Одинаев шаби шанбе бо ӯ аз як шумораи ношинос дар тамос шуд ва хабар дод, ки наздиконаш боздошт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол Нусратуло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабари фишор ва бозпурсии наздикони Маҳмурод Одинаевро беасос хонд. Ӯ гуфт, ки бори охир наздикони ӯро дар робита ба қазияи “латукӯби як зан” бозпурсӣ карда буданд.

Маҳмурод Одинаев муовини раиси ҲСДТ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи ӯ ва хонаводааш бисёр мегуфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

НБО “Роғун” ё гови ҷӯшоии Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо оилааш лоиҳаи дорои аҳамияти миллиро ба сарчашмаи оддии ғорати сарвати миллат табдил додааст.

Нигоҳе ба вазъи иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2024

Мушкилоти муҳоҷирон дар кишварҳои ИДМ, таварруми пули миллӣ ва таъсири он  дар иқтисоди кишвар аз ҷумлаи чолишҳои бузурги соли 2024 буд.

Боздоштҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба кишвар дар соли 2024

Боздошти чеҳраҳои сиёсӣ ва истирдоди шаҳрвандон аз хориҷ ба Тоҷикистон аз хабарҳои муҳиме буд, ки соли 2024 дар титри расонаҳои дохил ва хориҷ қарор гирифт.

Радиои Озодӣ соҳибони Net Solutions-ро дар Тоҷикистон ошкор кард

Санадҳои ёфтаи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ нишон медиҳанд, ки...