7.9 C
Dushanbe

Мӯҳсин Фахризода, “мағзи силоҳи ҳастаи Эрон” террор шуд

Имрӯз 30 ноябр, дар Эрон маросими дафни донишманди маъруфи силоҳи ҳастаии Эрон Мӯҳсин Фахризода баргузор шуд, ки гуфта мешавад асосгузори барномаи ҳастаии Эрон аст.

Телевизиони давлатии Эрон маросими хоксупории Фахризодаро намоиш дод. Дар наворҳо дида мешавад, ки ин маросим дар як майдони кушод дар назди бинои Вазорати дифоъ дар Теҳрон баргузор шуд.

Дар ин маросими хос як қатор мақомдорони баландпоя, аз ҷумла Амир Ҳотамӣ, вазири дифоъи Эрон ширкат варзидаанд.

Зимни суханронӣ дар ин маросим Ҳотамӣ гуфт, ки “ҳеҷ гуна куштор беҷавоб нахоҳад монд.”

Бо вуҷуди даъват ба интиқом, сухангӯи ҳукумати Эрон гуфта буд, ки имкони аз роҳи дипломатӣ ҳал кардани ин қазия вуҷуд дорад. Сухангӯи ҳукумат Алӣ Рабеӣ рӯзи 29 ноябр гуфт, “мо ба ҳеҷ сурат набояд ба ин дом биафтем (манзур амалиёти низомӣ ва ё дасткашӣ аз дипломатия).

Пештар аз ин президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ таъкид кард, ки кишвар ҳатман дар фурсати зарурӣ посух хоҳад дод ва ба ҳеҷ сурат ба ин “дом” намеафтад.

Ёдовар мешавем, ки физик- олими ҳастаӣ Мӯҳсин Фахризода рӯзи 27 ноябр дар вилояти наздики Теҳрон кушта шуд. Фахризода ба ҳайси роҳбари ташкилоти илмӣ-инноватсионии назди вазорати дифоъ кор мекард.

Мошини олимро дар наздикии шаҳри Дамованд тирборон кардаанд. Муҳофизи физик низ ҷароҳати вазнин бардоштааст. Шоҳидон аз таркиш дар ҷои ҳодиса хабар медиҳанд. Имрӯз телевизиони англисизабони “Press TV” вобаста ба ҳукумати Эрон, гузориш дод, ки силоҳе, ки дар куштани Фахризода истифода шудааст, сохти давлати Исроил мебошад.

Ин дар ҳолест, ки Эли Коэн, вазири истихбороти Исроил субҳи имрӯз дар мусоҳибае бо шабакаи радиоии бритониёӣ гуфт, ки намедонад масъули куштани Фахризода чӣ касе будааст.

Дар тӯли даҳ соли охир дар Эрон боз чор физику олими ҳастаӣ кушта шуданд. Моҳи январи соли 2010 Масъуд Алӣ Муҳаммадӣ, профессори Донишгоҳи Имом Ҳусейни пойтахт, дар ҳамлаи террористӣ дар Теҳрон кушта шуд. Дастгоҳи тарканда дар мотосикли назди мошини ӯ часпонида шуда буд.

Моҳи ноябри соли 2010 дар пойтахти Эрон ба сӯи боз ду олим – муаллимони Донишгоҳи Биҳиштӣ ҳамла сурат гирифт. Дар натиҷа, профессор Маҷид Шаҳриёрӣ кушта шуд, мутахассиси соҳаи физикаи лазерӣ Фаридун Аббосии Давонӣ маҷрӯҳ шуд.

Моҳи январи соли 2012 корманди маркази ҳастаии Натанз Мустафо Аҳмади Рӯшон дар таркиш дар шарқи Теҳрон кушта шуд. Ду нафари ношинос савори мотосикл ба дохили мошинаш маводи таркандаро андохтанд ва сипас гурехтанд.

Теҳрон дар ин ҷиноятҳо хадамоти ҷосусии Исроил ва Амрикоро айбдор кард. Баъзе коршиносон худи қувваҳои амниятии Эронро барои саҳлангорӣ гунаҳкор медонанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.