Маҳмурод Одинаев боздошт шуд

Имрӯз 5-уми декабр Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ аз ҷониби Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон боздошт шуд. Дар ин бора раиси Ҳизб Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод.

Зойиров аз мақомот хостааст ҳарчи зудтар сабаби боздошти муовинашро расман шарҳ бидиҳанд. Ӯ менависад:

“Сабаби боздошт шудани  Маҳмурод Одинаев, дар кадом асос, омилҳои боздошт, моддаи ҷиноят ё кодекси маъмурӣ, ки ӯ айбдор карда мешавад, ба ҲСДТ ва шахсан раиси ҲСДТ Раҳматилло Зойиров ҳатмӣ расонида шавад.”

Маҳмурод Одинаев пас аз як даъвати гирдиҳамоӣ ба шӯъбаи ВКД шаҳри Ҳисор даъват шуд ва ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд. Одинаев аз таърихи 20 ноябр ба муддати ду ҳафта бедарак буд ва ҷои будубошашро касе намедонист.

Рӯзи 3-юми декабр телевизиони “Настоящее Время” аз қавли раиси ҲСДТ хабар дод, ки Одинаев дар озодӣ аст.

Раҳматилло Зойиров дар сӯҳбат бо ин расона гуфт, ки “Одинаев зиндаву саломат аст. Муддати дароз ӯ бемор буд, ҳаракат карда наметавонист. Ҳоло ба ҳаракат даромад”.

Ду ҳафта ғайб задани Маҳмурод Одинаев ҳадсу гумонҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард. Чун чанд рӯз пеш аз бедарак шуданаш ин мухолифи ҳукумат дар саҳифаи фейсбукаш аз Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои гирдиҳамоӣ дар назди Қасри Президент иҷозат хоста буд.

Давоми ду ҳафта дар шабакаҳои иҷтимоӣ фарзияҳои гуногуни ғайб задани муовини раиси ҲСДТ пайдо шуд. Баъзе аз корбарон бар ин назар буданд, ки Маҳмурод Одинаев дар яке аз таҳхонаҳои шӯъбаҳои ВКД дар пойтахт нигоҳдорӣ мешавад ва раҳбарияти ВКД ин ҳамаро аз ҷомеа пинҳон медорад.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худ ва хонаводааш бисёр мегуфт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Баъди гузориши Azda.tv директори мактаб аз мақомаш барканор шуд

Волидоне, ки қаблан аз пулситонӣ дар мактаби №6-и шаҳри Ваҳдат шикоят доштанд, мегӯянд, пас аз нашри гузориши Azda.tv директори мактаб аз вазифааш барканор шуд.

Дар роҳ ба сӯи Эрон 17 нафар аз ташнагӣ ҷон бохтанд

Дастикам 17 муҳоҷири афғон, аз ҷумла занону кӯдакон, ҳангоми талоши расидан ба Эрон дар роҳ бар асари ташнагӣ ҷон бохтанд.

Аз танишҳои лафзӣ байни Русия ва Лаҳистон то ҳушдори амниятӣ

Пас аз изҳори назари вазири корҳои хориҷии Лаҳистон Радослав Сикорский дар бораи ҷанги Русия ва Украина таҳдидҳои лафзӣ байни Маскав ва Варшава шиддат гирифтааст.

Дар Русия мехоҳанд шумори кӯдакони хориҷиро дар мактабу кӯдакистонҳо маҳдуд кунанд

Дар Русия пешниҳод шудааст, ки шумори кӯдакони хориҷӣ дар мактабҳо, кӯдакистонҳо ва коллеҷҳо аз 25 дарсади хонандагон зиёд набошад.