Корфармо пулро надод, муҳоҷирон ҳамаро хароб карданд

Дар шаҳри Екатеринбурги Русия муҳоҷирони тоҷик, пас аз пардохт нагардидани музди корашон, девори бунёдкардаи худро чаппа кардаанд. Дар натиҷа корфармои рус бар зидди муҳоҷирон ба хотири тахриби девор ба пулис шикоят кардааст.

Муҳоҷирони  тоҷик ба шарти бурда нашудани номашон ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, бо ширкати “Строй Град” шартнома доштанд ва бар асоси он дохили хонаҳои баландошёнаро таъмир намудаанд.

Гуфта мешавад, кори муҳоҷирон дар ин сохтумон бунёди девор ва суфтакунӣ (андова)-и он будааст.

Муҳоҷирон мегӯянд, баъд аз анҷоми кор ба корфармо тамос гирифта гуфтаанд, ки кор ба анҷом расид ва мебоист ӯ 40 ҳазор рубли русӣ оварда медод ва ваъда додааст, ки меорад, “аммо як ҳафта дастнорас шуд. Бар асоси шартнома кордиҳанда пас аз иҷрои кор бетаъхир бояд маошро медод”.

Вале раиси ширкати “Строй Град” Светлана Бурук, гуфтаҳои муҳоҷиронро рад карда ба Радиои Озодӣ гуфтааст:

“Онҳо рӯзи ҷумъа андова кардани 162 метри мурабаъ деворро анҷом доданд. Муҳандиси ширкат бояд кори онҳоро месанҷид. Вай дар се сохтмон кор мекунад ва хеле банд аст. То ӯ кори анҷомшударо қабул накунад, наметавонам пули коргаронро диҳам. Ин нукта дар шартнома зикр шудааст ва коргарон бо он розӣ шуда буданд, аммо мунтазир намонда, деворро шикастаанд.”

Ҳамчунин дар идома иброз доштааст, ки муҳоҷирон тамоми асбобҳои кориро бо худ бурдаанд, аммо муҳоҷирон ин суханҳоро рад кардаанд.

Ба гуфтаи  хонум Бурук зиёни расонидаи муҳоҷирон 400 ҳазор рубл ҳисоб карда шудааст, ки дар ин маврид ба пулис шикоят кардааст. Пулиси Екатеринбург ворид шудани аризаи шикоятӣ дар ин хусусро тасдиқ кард.

Иззат Амон, раиси созмони “Маркази тоҷикон” дар Маскав, ба Озодӣ гуфт:

“муҳоҷирон бояд бо корфармо шартнома баста, дар сурати пеш омадани нофаҳмӣ ба додгоҳ муроҷиат кунанд. Тавре дида мешавад, муҳоҷирон хостаанд, аз роҳи дигар масъаларо ҳал кунанд, вале ин роҳи ҳал нест.”

Ба андешаи ҳомиёни  ҳуқуқ, пулис метавонад онҳоро дастикам ба пардохти маблағи масолеҳи сарфшудаи сохтмонӣ маҷбур кунад.

Фиреби муҳоҷирон дар Русия бори аввал нест. Борҳост, ки хабаргузориҳо дар мавриди фиреб хӯрдани муҳоҷирони тоҷик дар Русия аз тарафи корфармоҳо хабар медиҳанд.

Ҳамчунин дар баробари фиреб хӯрдан муҳоҷирон ба додгоҳ шикоят намекунанд, зеро ба гуфтаи худи онҳо баракс, додгоҳҳои Русия онҳоро гунаҳкор ҳисобида аз ин кишвар ихороҷ мекунанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Дар Самара пардохтҳои муҳоҷирон зиёд мешавад: акнун барои фарзандон ҳам маблағ месупоранд

Думаи вилояти Самараи Русия тағйиротеро қабул кардааст, ки аз соли 2027 афзоиши пардохтҳои муҳоҷирон ва пардохти иловагӣ барои фарзандони ҳамроҳашонро пешбинӣ мекунад.

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.