Давлати Исроил тариқи сафорати худ дар Узбекистон барои пизишкони Тоҷикистон маводҳои муҳофизати тиббӣ ва ашёи дигар кумак кард.
Сафири Исроил дар Узбекистон ва Тоҷикистон хонум Зеавит Бен Хилел, барои таҳвили кумакҳои башардӯстона ба Тоҷикистон ба гузаргоҳи марзии байни Узбекистону Тоҷикистон ташриф овард.
Сафири Исроил низ дар як паёми твиттерии худ гуфтааст:
“Гурӯҳи мо имрӯз барои таҳвили таҷҳизоти ҳифозатии COVID-19 барои тақдим ба пизишкони тоҷик ба марзи Тоҷикистон рафт. Ин кумакҳо аз тариқи Ожонси Ҳамкориҳои Байналмиллали тавсеаи Исроил ва Вазорати хориҷаи ин кишвар ба Тоҷикистон фиристода шудааст”.
Гуфта мешавад, ин кумакҳо иборатанд аз москҳои пизишкӣ, либосҳои муҳофизатӣ ва дигар таҷҳизоти тиббӣ, ки барои пизишкони Тоҷикистон тақдим шуд, аммо аз ҷузъиёт ва ҳаҷми кумакҳо чизе гуфта нашудааст. Ҳамчунин дар сомонаи сафорати Исроил дар Тошканд низ дар бораи тафсилоти ин кумакҳо чизе наомадааст.
Дар хабар омада, ки дар солҳои ахир равобити башардӯстонаи Исроил бо Тоҷикистон тавсеа ёфта, дар тӯли 29 соли равобити дипломатӣ байни ин ду кишвар садҳо мутахасиси соҳаи тиб, кишоварзӣ, маориф ва ғайра дар Исроил давраҳои омӯзишӣ гузаштаанд.