35.9 C
Dushanbe

Хомӯшии ҷомеа дар баробари ҳабси бобои Дона фоҷеа аст

Зафар Сӯфӣ, шоир ва рӯзноманигори тоҷик дар саҳифаи фейсбукияш матлабе зери унвони “ФОҶЕА” навишта ва дар он зиндонӣ шудани пирамарди 87-соларо аз ҷониби ҳукумати кишвар ва ҳамчунин дар баробари ин ҳодиса сукут ихтиёр кардани ҷомеа ва озодихоҳонро фоҷеа номидааст.

Матлаби комилро дар зер мутолиа кунед:

Facebook

Фоҷеа чист? Чи ранге дорад? Фоҷеа онест, ки як пирмарди 87 соларо ба хотири ёрӣ ба дигарон 5 сол маҳкум ба зиндон мекунанд.Фоҷеа онест, ки ҷомеа ин даҳшатро мебинаду сукут ихтиёр карда.

Ҳоло ҳар тавҷеҳе биоваранд, ҳар баҳонае пеш бикашанд, ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нест.Фоҷеа ранги бетаваҷҷуҳӣ ва бӯи тарс дорад. Симои фоҷеа номардист. Ранги фоҷеа сиёҳ, таъми фоҷеа талх ва моҳияти фоҷеа бераҳмист. Умри фоҷеа то замонест, ки мо ба ҳамдигар ба сифати ҳаммиллат ва ҳамқисмат бингарем.

Дидгоҳамон  бар пояи муҳаббат ба ҳамнавъ бошад. Умри фоҷеа то замонест, ки ба зуҳури он на аз даричаи манфиатҳои чиркини шахсиву гурӯҳиву маҳаллӣ бингарем, балки бар ин бовар бошем ва аз ин дидгоҳ вокуниш бикунем, ки беадолатӣ кучаку бузург намешавад.

Имрӯз як пирмарди 87 соларо дар камоли шақоват ва ба дур аз оини инсонӣ 5 сол зиндон карданд, пас фардо ҳар касеро метавонанд бо ҳар баҳона ва аслан бе ҳеч баҳона ҳам маҳкум ба зиндон кунанд. Аслан фарқе намекунад ин пирмард ҳаводори чи гуруҳе, ё аз кудом маҳал буда ва ба киҳо кумак карда. Муҳим инсон аст, шаҳрванди кишвари мост ва ҳеч ҷинояте содир накардааст.

Эй ҳама онҳое, ки иддио мекунед, ки дар баробари зулму беадолатӣ қарор доред! Агар ин гуна фоҷеа шуморо ба ҳам наорад, ҳадди ақалл бо ҳам ва ҳама дар муқобили ин фоҷеа вокуниш нишон надодед, пас, биравед бимиред. Намегӯям бо ҳам иттиҳод бикунед, ин аз шумо баъид аст.

Ғуломонро сафороӣ гарон аст, мегуфт ҳазрати Иқбол. Аммо дар баробари ин фоҷеа – дар шакли маҳкум ба зиндон шудани пирмарди 87 сола, агар садои эътирозатон баланд нашуд, пас, ҳеч гоҳ дигар садо дарнаоред! Барои ҳамеша хафақон бигиред! Зеро дигар собит хоҳад шуд, ки адолатхоҳиятон дурӯғ! Озодихоҳиятон дурӯғ! Миллатдориятон дурӯғ!

Он ба зоҳир мубориза ва ин гӯё талошҳоятон дар асл худхоҳие будаву бас ва комилан дурӯғ аст! Аслан вуҷудатон дурӯғе беш нест! Ман ва садҳо тане мисли ман дорем назора мекунем. Маҳаки санҷишамон ҳам хеле сода ва мушаххас аст, яъне мавзеъи ҳар кадом аз шумо дар баробари ин фоҷеа.

Мутмаин бошед, фардо чи ҷавоберо хоҳед гирифт, бастагӣ ба рафтори шумо дар баробари ин фоҷеа дорад. Пас, биштобед, то дер нашавад!

Зафар Сӯфӣ

Аз Идораи сомона: Матолибе, ки дар гӯшаи “Блоги Шумо” ба нашр мерасанд, назари шахсӣ ва ё таҳлили муаллифон буда, баёнгари мавқеи “Аздо тв” нестанд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ДБҶ ҳукми боздошти ду раҳбари Толибонро содир кард

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ (ICC), воқеъ дар шаҳри Ҳагаи Нидерландия, барои ду раҳбари аршади Толибон, Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ ҳукми боздошт содир намуд.

Гуфтугӯҳо миёни Трампу Натанёҳу ба чӣ анҷомид?

Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил рӯзи душанбе барои мулоқот бо Доналд Трамп ба Амрико сафар кард.

Ҳукми зиндони Дилмурод маълум шуд

Мақомоти Тоҷикистон фаъоли сиёсӣ ва узви ҶИРТ Дилмурод Эргашевро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.