18.9 C
Dushanbe

Вазорати молия гуфт, барои баргардонидани қарзи хориҷӣ мушкиле пеш наомадаст

Бино ба иттилои сомонаи “Азияи – Плюс” дар Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтаанд, хабари ин ки Тоҷикистон дар ҳадди муфлисшавӣ аз қарз қарор дошта, дар ин робита ба қарздеҳони хориҷӣ дар мавриди тамдиди муҳлати пардохти қарз муроҷиат кардааст, асоси воқеӣ надорад.

Масъулини Вазорати молия гуфтаанд, ин масъаларо танҳо шарикони рушд ва ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ тасдиқ карда метавонанд.

Ба гуфтаи масъулини ин Вазорат моҳи апрели соли 2020 аз ҷониби вазирони молия ва роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви Бистгонаи бузург (G20) тасмим гирифта шуд, ки талаби пардохти қарзи берунаи ҳамаи кишварҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (IDA) то охири соли 2020 мутаваққиф шавад.

“Ташаббуси мазкур ба дастгирии кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта дар муқовимат бо пандемияи COVID-19 равона шуда, ба ҳамаи давлатҳое, ки аз кишварҳои узви G20 ва Клуби Париж қарз гирифтаанд, дахл дорад”, – гутаанд дар Вазорати молия.

Гуфта мешавад, ғайр аз Тоҷикистон аз ин ташаббус зиёда аз 46 кишвари саросари дунё истифода кардаанд.

Илова бар ин, дар иттилоияи Вазорат таъкид мешавад, ки дар нишасти навбатии G20 дар моҳи ноябри соли 2020 қарор шуд, ки муҳлати ин ташаббус то моҳи июни соли 2021 дароз карда шавад.

Зикр мегардад, ки Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо бо назардошти тавсияҳои шарикони рушд тасмим гирифт, ки ба ташаббуси давлатҳои Бистгонаи бузург (G20) оид ба ҷорӣ кардани моратория ба пардохти қарзи хориҷии кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта ҳамроҳ шавад.

Ҳамчунин зикр гардидааст, ки “Ҳадафи аслии ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ин ташаббус сабуктар кардани оқибатҳои буҳрон тариқи мутамарказ кардани хароҷот барои мубориза бо COVID-19 аст, на озод кардани сарбории қарз бино ба вазъи молиявии кишвар, ки дар ин дар бархе матолиби нашршуда зикр шудааст. Ба ин тариқ, маблағҳое, ки дар натиҷаи таътили пардохти қарзи хориҷӣ сарфа шуд, иловатан ба маблағгузории соҳаи тандурустӣ равона шуд”.

Гуфта мешавад, дар доираи ташаббуси мазкур 3 сентябри соли 2020 Тоҷикистон бо Клуби Париж ёддошти зидахлро ба имзо расонид.

Вазорати молия тасдиқ намудааст, ки “дар натиҷа дар мавриди таътили қарзӣ аз “Эксимбонк”-и Чин ва Фонди Кувейтии Рушд ба маблағи умумии 43 млн доллар ва Бонки рушди Олмон (KfW) ба маблағи 363 ҳазор евро тавофуқ ҳосил шуд”.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Dushanbe Expo 2025: Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии саёҳӣ шуд

Имрӯз, 18 сентябри соли 2025, дар маҷмааи «Dushanbe Expo» Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2025 оғоз гардид.

Афзоиши рейди муҳоҷирон дар Русия

ОМОН-и Русия дар яке аз хобгоҳҳои наздикии метрои Строгинои Маскав беш аз 500 муҳоҷир, аз ҷумла зодагони Тоҷикистонро тафтиш кардаанд.

Ҷузъиёти куштори ваҳшиёнаи як хонавода дар ноҳияи Рӯдакӣ

Дар деҳаи Дарёободи ноҳияи Рӯдакӣ шаби 5 ба 6-уми сентябр як куштори ваҳшиёнае рух дод, ки Тоҷикистонро такон дод.

75 тонна кумаки башардӯстонаи Амрико ба Тоҷикистон

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон зиёда аз 75 тонна кумаки озуқаворӣ ба маблағи беш аз 255 ҳазор доллар фиристод.