7.9 C
Dushanbe

Иттиҳоми нав. Маҳмурод Одинаевро бо иттиҳоми экстремистӣ гунаҳкор карданд

Дар Тоҷикистон бар зидди муовини раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон Маҳмурод Одинаев пас аз як моҳи боздошташ иттиҳоми нав эълон кардаанд.

Ӯро ба иттиҳоми авбошӣ дар таърихи 5 декабри соли гузашта дар ҳудуди Душанбе дастгир карда буданд, акнун Додситонии шаҳри Ҳисор Одинаверо ба “Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ” муттаҳам мекунад.

Радиои Озодӣ  дар нашри ин хабар ҳамзамон оварда, ки дар Додситонии шаҳри Ҳисор далели боз шудани парвандаи навро шарҳ надоданд, аммо тасдиқ карданд, ки бар зидди Маҳмурод Одинаев бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд ва баррасиашро додситон Икром Мирзошарифзода ба ӯҳда дорад.

Дар бораи иттиҳоми нав масъулони додситонии Ҳисор пайванддони Одинаверо дар рӯзи 14 январи ҳамин сол хабардор кардаанд, аммо пайвандон мегӯянд, ҳеҷ далеле барои ин иттиҳом вуҷуд надорад. Барои иттиҳоми “Даъвати оммавӣ ба амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ” дар Тоҷикистон аз 5 то 10 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Пештар Додситонии кулли Тоҷикистон сабаби боздошти Маҳмурод Одинаевро дар он гуфта буд, ки моҳи октябри соли 2020 дар назди комиссариати ҳарбии Ҳисор гуё “дар муддати тахминан 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбат ба намояндагони ҳокимияти давлатӣ таҳдид, зӯроварӣ ва суханҳои қабеҳро раво дидааст.”

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешаванд, Маҳмурод Одинаев моҳи октябри соли гузашта дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор иддао кард, ки писараш Ҳоҷиакбар Одинаев биноии чашмаш заиф аст ва ӯро ғайриқонунӣ ва зуран бо услуби одамрабоӣ (Облава) барои хидмат дар сафи Қуваҳои низомӣ бурдаанд.

Худи Маҳмурод Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Ӯ пеш аз боздошт мақомот ва ҳукумати Тоҷикистонро танқид мекард ва моҳи ноябри соли 2020 дар саҳифаи фейсбукиаш мардумро ба тазоҳурот даъват кард.

Ӯро пас аз даъвати гирдиҳамоӣ ба шӯъбаи ВКД шаҳри Ҳисор даъват карданд ва ба гуфтаи пайвандонаш баъд аз ҳозир нашудани Одинаев ба шӯъбаи ВКД-и Ҳисор ӯро дар ҷустуҷӯ қарор доданд.

Ду писари Маҳмурод Одинаевро низ додситонии шаҳри Ҳисор ба авбошӣ муттаҳам кардааст. Додситонии Ҳисор Ҳабибулло Ризоевро бо иттиҳоми ҳаракатҳои қасдона барои нишон додани муқобилият ба кормандони интизомӣ тибқи моддаи 237, қисми 2, бандҳои “б” ва “в” (авбошӣ) айбдор кардааст.

Пайвандони Ҳабибулло Ризоев пештар гуфта буданд, ки ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ аст, аммо парвандааш барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Шайхмуслиҳиддин Ризоев, писари дигари Маҳмурод Одинаев низ бо ҳамин иттиҳом дар боздошт қарор дорад.

Озодӣ навишта, ки назари Раҳматилло Зойиров раиси ҲСДТ ба эълони айби дуввум нисбат ба муовини боздоштшудааш дастрас нест. Маҳмурод Одинаев вакили мудофеи мустақил надорад ва маълум нест, худи ӯ дар ин бора чӣ мавқеъ дорад.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли охир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дошт. Ӯ вақтҳои ахир аз фишори мақомот алайҳи худу хонаводааш бисёр мегуфт.Фаъолону мухолифон боздошту эълони иттиҳом бар зидди Маҳмурод Одинаев ва писаронашро тарҳрезишуда меноманд, ки бештар ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва танқидҳои пайвастааш аз кори ҳукумат рабт медиҳанд.

Айни ҳол Маҳмурод Одинаев дар СИЗО-и рақами яки Душанбе қарор дорад. Ба гуфтаи пайвандонаш танҳо баъди се ҳафта ҷойи нигаҳдории ӯро дақиқ карданд.

Дар ҳамин ҳол наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки дар он ҳамсари собиқи Маҳмурод Одинаев ба Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ муроҷиат намуда, мегӯяд, ки се фарзанди ман дар зиндон аст, магар ман онҳоро барои зиндонӣ шудан таваллуд кардаам.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.