35.9 C
Dushanbe

Тоҷикистон аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 2 млн воя ваксина хост

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 2 миллион воя (доза) ваксинаи зидди коронавирус дархост кардааст.

Радиои Озодӣ аз қавли Наврӯз Ҷаъфаров, сардори раёсати амнияти санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустӣ навиштааст, ки дархости Тоҷикистон барои дарёфти ваксина дар доираи барномаи “COVAX” фиристода шудааст.

Ҷаъфаров гуфтааст, дархости Тоҷикистон дар баррасии комиссюни “COVAX” аст ва ҳанӯз дақиқ нест, ба Тоҷикистон кадом намуд ваксина ворид мешавад.

Ҳамчунин дар дар Вазорати тандурустӣ иброз доштаанд, ки ҳамон ваксинаеро дархост мекунанд, ки бехатарӣ ва сифаташ аз ҷониби СҶТ тасдиқ гардида бошад.

Чанде пеш Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурстии Тоҷикитон гуфта буд, ки дар сурати дарёфти ваксина, аввал пизишкон ва шахсони синнашон аз 50-сола боло ба он таъмин мешаванд.

Дар Тоҷикистон дар ҳоле дархости ваксина мекунанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазооқстон ва Узбекситон аллакай барои харидани ваксина фармоиш додаанд. Аз ҷумла Узбекистон барои ҳар шаҳрвандаш як воя (доза) ваксинаи зидди COVID-19 супориш додааст. Вале ба Тоҷикистон маълум нест, ки кадом вақт ваксина ворид мегардад.

Ҳамчунин то ба имрӯз маълум нест, ки Тоҷикистон аз ҳисоби кумакҳои воридгардида бар зидди каронавирус, ки аз чандин кишварҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ расида буд, аз он маблағҳо истифода мекунанд ё хайр, мақомоти тоҷик дар ин маврид чизе намегӯянд.

Вале чанде қабл Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфта буд, ки Бонки ҷаҳонӣ барои харидани ваксина ба Тоҷикистон 3 миллион доллар ҷудо кард, қарор аст 5 миллион доллари дигар ҳам кумак кунад.

Тибқи иттилои Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон каронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Гуфта мешавад, аз оғози каронавирус то ба имрӯз 13 ҳазор нафар гирифтор гардида 90 нафар ҷон бохтааст.

Вале ин омори мақомотро коршиносон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул надоранд, зеро борҳо гуфта буданд, ки омор ба воқеият созгор нест, зеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди маргу мири шаҳрвандон зиёд гуфта мешуд, ки аз омори масъулини Вазорати тандурустӣ фарқи зиёд дошт.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

ДБҶ ҳукми боздошти ду раҳбари Толибонро содир кард

Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноятӣ (ICC), воқеъ дар шаҳри Ҳагаи Нидерландия, барои ду раҳбари аршади Толибон, Ҳайбатуллоҳ Охунзода ва Абдулҳаким Ҳаққонӣ ҳукми боздошт содир намуд.

Гуфтугӯҳо миёни Трампу Натанёҳу ба чӣ анҷомид?

Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил рӯзи душанбе барои мулоқот бо Доналд Трамп ба Амрико сафар кард.

Ҳукми зиндони Дилмурод маълум шуд

Мақомоти Тоҷикистон фаъоли сиёсӣ ва узви ҶИРТ Дилмурод Эргашевро ба 8 соли зиндон маҳкум кард.

Гурӯҳе аз имомони мусалмони кишварҳои ғарбӣ ба Исроил сафар карданд

Субҳи 7-уми июл, Президенти Исроил Исаак Ҳерсог дар қароргоҳаш бо як гурӯҳ аз имомон ва намояндагони ҷомеаҳои мусалмонӣ аз Фаронса, Белгия, Нидерланд, Италия ва Британияи Кабир дидору гуфтугӯ намудааст.