7.9 C
Dushanbe

Шурӯи ҷаласаи навбатии кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе

Бино ба навиштаи сомонаи ҳукуматии “Ховар” рӯзи 26-уми январ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии кишварҳои узви СҲШ таҳти раёсати Тоҷикистон баргузор гардид. Ин ҷаласа то рӯзи 29-уми январ идома хоҳад кард.

Гуфта мешавад, тарафи Тоҷикистон, ки мизбони ин нишаст аст, барои намояндагони доимии кишварҳои узв дар Котиботи СҲШ ва кормандони қароргоҳи марказии Созмон тамошои онлайни чорабиниро ташкил намудааст.

Дар рӯзи аввали нишаст, ки рӯзи 26-уми январ баргузор гардида буд, тарафи Тоҷикистон иштирокчиёнро бо ҷараёни омодагиҳо ба нишасти навбатии СҲШ, ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ, инчунин дигар чорабиниҳо дар сатҳи вазоратҳо ва коршиносон шинос намуд.

Иштирокчиён дар бораи лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи тарафи раисикунанда дар мавриди рӯзномаҳо, рӯйхати асноде, ки имзои онҳо дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳо ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ ба нақша гирифта шудааст, назарҳои худро гуфтанд.

Дар идома дар сомонаи ҳукумати “Ховар” гуфта шудааст, ки ҳамоҳангсозони миллӣ инчунин лоиҳаҳои Нақшаи чорабиниҳои асосии СҲШ барои соли 2021 ва Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ барои соли 2021-ро муҳокима карданд.

Салоҳияти Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ, ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷории СҲШ ва ҳамкории вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои узви СҲШ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ҷамъбасти ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ, ки 10 ноябри соли 2020 сурат гирифт, раёсати Созмонро ба уҳда гирифт.

Давраи раёсати Тоҷикистон ба бистумин солгарди таъсиси Созмон рост омада, он шиори «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ барои субот ва шукуфоӣ” дорад.

Маврид ба ёдоварист, ки 26 апрели соли 1996 бо имзои Созишномаи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз ҷониби сарони Чин, Руссия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон “Панҷгонаи Шанхай” ба вуҷуд омад ва ба таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай асос гузошта шуд.

Тибқи муоҳидаи давлатҳои аъзои “Панҷгонаи Шанхай” – Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мулоқоти сарони давлатҳо дар як сол як маротиба дар яке аз кишварҳои аъзо баргузор мегардид.

15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид.

Созмони ҳамкории Шанхай – Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда буда, тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон – Хартияи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, амал мекунад. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.