7.9 C
Dushanbe

Омбудсмени тоҷик аз қазияи Дониёр Набиеви 80-сола хабар надоштааст

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷкистон дар бораи ҳукми зиндонии Дониёр Набиев ё Бобои Дона – пирамарде, ки умраш аз 80 сол болост, хабар надоштааст.

Умед Бобозода, ки ин масъулиятро дар Тоҷикистон бар душ дорад, рӯзи 4-уми феврал дар посух ба суоли хабарнигорон дар ин маврид изҳори беиттилоӣ намуда, гуфта, ки “дар бораи зиндонӣ шудани ин шахс муроҷиате нашудааст”.

Бо вуҷуди он, ки парвандаи ин пирамард дар чанд моҳи ахир аз пурсарусадотарин парвандаҳо дар Тоҷкиситон ва берун аз он буд, изҳори бехабарӣ кардани масъули ҳуқуқи инсон суолҳоре ба миён овардааст.

Бобозода дар ҳоле аз адами муроҷиат оиди ин қазия хабар медиҳад, ки пештар чанд созмони ҳомии ҳуқуқи башар зиндонӣ шудани Набиевро сахт танқид ва озодии ӯро талаб карда буданд. Аз ҷумлаи чунин созмонҳо, Дидбони ҳуқуқи башар ё Human rights watch (HRW), созмони маъруф ва мӯътабари дифоъ аз ҳуқуқи башар, ки мақараш дар Амрико мебошад, озодии билофосилаи Бобои Донаро (Дониёр Набиев) талаб кард.

Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки “Ӯ набояд барои некӣ карданаш ба зиндон равад”. Ин созмон бо нашри баёнияе қазияи Бобои Донаро шарҳ дода навишта буд, ки ӯ ҳар моҳ ба чанд хонадони узви зиндонии ҲНИТ аз 15 то 30 доллар кӯмак мекард, аммо чун ҲНИТ дар кишвар мамнӯъ ва террористӣ эълон шудааст, кумакҳои ӯро чун кумак ба терроризм талаққӣ ва худи ӯро боздошт карданд”.

Дониёр Набиевро моҳи августи соли 2020 дастгир ва рӯзи 28-уми декабри соли гузашта дар як мурофиаи пӯшида ба ҳафт соли зиндон маҳкум карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон узви собиқи ҲНИТ-ро ба ифротгароӣ ва кумаки молӣ ба ҷангҷӯёни тоҷики хориҷ аз кишвар муттаҳам мекунад.

Ба гуфтаи масъулони Вазорати умури Дохилӣ, сокини деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ “пули хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳоро гирифта, онҳоро барои паҳн кардани ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард”, аммо аз ҳеч кишваре ном набурда ва далелу санадеро ҳам нишон надодааст.

ҲНИТ дар навабати худ бо нашри баёнияе, ин ҳама иттиҳомотро “сиёсӣ ва маҳз барои бадном кардани як пирамарди бегуноҳ” донист.

Як қатор созмону ҷамъяитҳо 22-юми январ аз ҷумлуа намояндагони Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ, Маркази ҳуқуқи башари Тоҷикистон, Бунёди “Бузургмеҳр Ёров” ва коршиносони дигар аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карданд, Дониёр Набиевро “билофосила ва бе қайду шарт” озод кунад. Ба ин талабҳо то ҳол мақомоти Тоҷикистон вокуниш накардаанд.

Бо вуҷуди ин ҳама масъули ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аз қазияи ин пирамард изҳори беиттилоъӣ мекунад ва мегуяд, ки дар ин қазия касе муроҷиат накардааст.

Як моҳи ахир дар шабакаҳои иҷтимоъӣ фаъолон ва шаҳрвандони оддӣ пайваста паси панҷара рафтани ин пирамардро маҳкум мекунанд ва барои ин кор ҳукумати Тоҷкистонро танқид доранд. Муроҷиатҳои бешумори шаҳрвандонро дар ин хусус дар шабакаҳои иҷтимоъӣ аз ҷумла Ютуб садҳо ҳазор нафар дидаву ҳазорҳо писанд кардаанд.

Гуфтанист Бобои Дона 27 августи соли 2020 боздошт шуд. Ҳукми 7 соли зиндон, ки додгоҳ 28 декабр содир кард, ҷомеъаи кишварро ба шӯр овард ва ҳазорон нафар дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи ин боздошти ноодилона эътироз карданд.

Наздикони Бобои Дона ба Додгоҳи Олӣ шикоят бурдаанд.

Гуруҳи кории Созмони Милал оид ба боздошти худсарона низ, зиндонӣ шудани қисме аз аъзои ҲНИТ-ро сиёсӣ медонад ва мегуяд онҳо бо қонуншиканӣ ва бе риояти ҳуқуқашон зиндонӣ шудаанд ва ҳукумат бояд онҳоро раҳо кунад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Вокуниши Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ба вазъи тоҷикон дар Русия

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вазъи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро нигаронкунанда ва мушкил арзёбӣ кардааст.

Аввалин тоҷик қаҳрамони куштии озоди Фаронса шуд

Рӯзҳои 27 ва 28-уми апрели соли ҷорӣ, дар шаҳри Тулузи Фаронсаи қаҳрамонии куштии озоди Фаронса миёни наврасон ва ҷавонон баргузор гардид.

Натанёҳу боздошт ва зиндонӣ мешавад?

Эҳтимол меравад Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ барои боздошти Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил ҳукм содир кунад.

ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон бе зарурат ба Русия нараванд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия ба шаҳрвандони кишвар тавсия додааст, ки бе зарурат муваққатан ба Русия сафар накунанд.