“COVAX” ба Тоҷикистон беш аз 700 ҳазор воя ваксинаи “COVID-19” медиҳад

Механизми байналмилалии “COVAX” рӯзи чоршанбе рӯйхати пешакии тақсимоти ваксинаҳои коронавирусро дар байни кишварҳои иштирокчӣ нашр кард.

Қайд карда мешавад, ки таҳвили аввал метавонад моҳи феврал оғоз ёбад ва 3,3% аҳолӣ дар 145 давлати иштирок кунандаи ин механизм метавонанд бо эмкунӣ фаро гирифта шаванд.

Дар рӯйхате, ки дар вебсайти расмии “COVAX” нашр шудааст, маълумот дар бораи тақсимоти тахминии 96 миллион дозаи ваксина, ки аз ҷониби ширкати бритониёӣ-шведии “AstraZeneca” ва Донишгоҳи Оксфорд таҳия шудааст, инчунин 240 миллион доза ваксина аз худи ҳамин таҳиягарон бо иҷозатнома аз ҷониби Институти “Serum”-и Ҳиндустон мавҷуд аст, аммо ғайр аз ин, ба ин рӯйхат 1,2 миллион вояи дигар аз ширкати амрикоии Pfizer ва шарики олмонии “BioNTech” дохил карда шудааст.

Тибқи маълумоти интишор намудаи “COVAX” қарор аст аз ҳама бештар, ба андозаи 97 миллиону 164 ҳазор воя ба Ҳиндустон дода шавад, 12 миллиону 782 ҳазор ба  Бангладеш, Бразилия – 10 миллиону 672,8 ҳазор, Узбекистон – 2 миллиону 640 ҳазор, Украина – 2 миллиону 215,2 ҳазор, Тоҷикистон – 732 ҳазор, Озарбойҷон – 506 ҳазор, Қирғизистон – 504 ҳазор, Гурҷистон – 214,05 ҳазор, Молдова – 180,57 ҳазор, Арманистон – 146,4 ҳазор.

“COVAX” тавзеҳ дод, ки ин “сенарияи ба нақша гирифташуда” аст, на “санади ҳатмӣ” ва ин рӯйхат “боз тағир дода мешавад”.

Илова бар ин, “COVAX” ёдовар шуд, ки ваксина аз “AstraZeneca” ва Донишгоҳи Оксфорд то ҳол ба рӯйхати доруҳое, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои истифодаи фаврӣ дар пандемия тавсия додааст, дохил карда нашудааст.

COVAX як механизми байналмилалӣ дар доираи СҶБ мебошад, ки барои тартиби гирифтани ваксина алайҳи коронавирус дар кишварҳои фақир ва рӯбарушд пешбинӣ шудааст, ки дар он 190 кишвари дунё ширкат мекунанд.

Тибқи шартҳои барнома, кишварҳои даромади баланддошта хариди ваксинаҳоро пардохт мекунанд. Тибқи нақшаҳои қаблан эълоншуда, дар чаҳорчӯби механизм, дар охири соли 2021 бояд 2 миллиард воя ваксина истеҳсол ва дар саросари ҷаҳон баробар тақсим карда шавад.

Хабарро таблиғ кунед:

БЕШТАР БИХОНЕД
БЕШТАР БИХОНЕД

Русия мехоҳад аз соли 2027 кори муҳоҷиронро дар таксӣ маҳдудтар кунад

Мақомоти Русия қасд доранд, ки аз соли 2027 кор кардани муҳоҷиронро дар таксӣ ва хаткашонӣ дар чанд минтақа боздоранд.

Дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, таъқибро бас кунад ва расонаҳо озод бошанд

Бритониё ва Норвегия дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Женева аз Тоҷикистон хостанд, фаъолияти озоди журналистонро таъмин карда, таъқибҳои дорои ангезаҳои сиёсиро қатъ кунад.

Ҳамлавари Краков баъди куштани 6 нафар дар беморхона фавтид

Рӯзи шанбе, 7-уми ноябр, дар маркази шаҳри Кракови Лаҳистон як ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷаи он 6 нафар кушта шуда, 15 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шикояти муштарӣ аз “Душанбе Сити Бонк”: ду соат интизорӣ барои як мушкили хурд

Рӯзи душанбе, 9-уми ноябр, як шаҳрванд дар саҳифаи фейсбукии худ аз сатҳи хидматрасонии "Душанбе Сити Бонк" шикоят кард.